МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Қодир-амак белашро бардошта, сарнишеб раҳ гирифт.
Вай то гашти рўз дар ҳамин атроф – аз даруни деҳа то тали Тобазор – обронӣ мекунад. Ранҷ мебараду об мехўрад, дар акси ҳол – не! Даҳ-понздаҳ сол инҷониб ҳар карат, ҳамин ки вақту соати боғҳоро об додан фаро расид, деҳа… гўё ногаҳон кўч мебаста бошад, сахт ба ҷунбиш меояд. Мардони хона ташвиши обдориро ба зиммаи зану фарзандон гузошта, то худи Авлод… шабро шабу рўзро рўз нагуфта, лаблаби ҷўйбор тор метананд. Ва мешавад, ки дар миёни ин гуна тапутез баъзе одамони шумнафас дили якдигарро сиёҳ мекунанд, ё боз ҳам бадтар – бемуҳобо гиребони якдигарро канда, муддатҳо ногап мегарданд. Гоҳо ҷамоати бачаҳо низ аз қатор берун намемонанд: байни ҳам хархаша карда, лозим донанд, ҳатто сангу кулўхро ба кор мебаранд... (Чӣ хуб, ки ду-се дафъаи охир касе ба касе сурху сафед нашудааст! Мироби нав одами пухта баромад.) Вале онҳо ҳаргиз намеандешанд, ки чӣ ҳоҷат ба ҷанҷол. Аздусар-ку ягон хонавода бебаҳра намемонад, ҳама об мехўранд, – дуруст аст, ки яке ба душворӣ, дигаре ба осонӣ, вобаста ба дастёраш... Ҳар касе мададгор дошта бошад, чандон азоб намекашад. Лекин ба Қодир-амак барин одамони дасттанҳо бори обдориву обронӣ албатта зўр меояд... Зўр омаданаш ҳам, хайр, ҳеҷ қисса не.
Бадии кор дар он ки об, оби мавҷуд сол то сол кам мешавад.
Ва ин вазъият касро ба ташвиш меандозад, рўзи сахт аст ин!
Болои сўхта намакоб, баъзе зотҳои шариф ба ҷои он ки андешаи обро кунанд, аввал худам шавам гуфта, дигаронро беибо меранҷонанд...
Усто Қамчин аз қафои мўйсафед, ки оҳиста-оҳиста қадам монда мерафт, фурсате чашм дўхта истод. Баъд, ҳангоме қомати хамидаи ў дар пушти похсадевори нахустин ҳавлӣ нопадид гардид, миёнашро маҳкамтар баста, рў ба ҷониби Кўшкак ниҳод.
Ин деҳаи сернуфус камобеш дар ним фарсах дурӣ воқеъ буд. Аммо кас агар аз обраҳа рафтан хоҳад, масофа печутоб хўрда, хеле меафзуд.
Усто Қамчин аз обраҳа мерафт.
Вай гармии офтобро, ки аз дирўза баландтар буд, дар пушти гарданаш эҳсос намуда, ба худ мегуфт: ҳамин Қодир се писари паҳлавон дорад, лекин аксар вақт танҳоӣ мекашад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо