МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Чунки онҳо, фарзандонаш, дар ин ҷо нестанд; қабили бисёр ҷавонони кўҳистон дар водӣ, дар хоҷагиҳои пахтакор зиндагӣ мекунанд. Соҳиби хонаву даранд, ба аҳли аёли худ осуда рўз мегузаронанд… Дар водиҳо об фаровон, мардуми водӣ аз барои ин атои худованд зиёда тараддуд намебинанд…
Писарони Қодир, чашми бад нагирад, оқибатандешанд; тезтез омада, аз ҳоли падару модар, ки умрашон ба ҷое расидааст, воқиф мегарданд. Фурсат ёбанд, ба кору бори онҳо бе ягон иллату миннат мадад ҳам мерасонанд. Бо вуҷуди ин мўйсафед дасттанҳост, дарди вай дар чунин айём – ҳангоми обдорӣ, захира кардани хасу хошок... ё дигар машғалаи душвори рўзгор – ташвиши зиндагӣ кам нест! – бештар ба назар меояд, домангир мешавад.
Дар шароити кўҳистон аҳволи касе ки ёригар надорад, вазнин аст. Вай, усто Қамчин, ба панҷ фарзанд – чор духтару як писар – худашро низ дасттанҳо гўяд, хилофи ҳақиқат нест. Чаро ки писараш Маҳмуд се сол боз дар Душанбе мехонад, аз пеши чашми ў дур… Хайр, хонад бача, хонданаш мемонад! Аслан номаш фарзанд то кай дар бари падару модар рост меистад? Хизмати вай то куҷо мекашад? Аз ин рў ду духтари калони усто Қамчин ҳам ба шавҳар расида, мисли писарони Қодир акнун дар водӣ умр ба сар мебаранд.
Дуи дигараш мактабхон… Дар ҳар ҳолат аз дасти духтармардум чӣ меояд? Ба кўҳу камар рафта, ҳезум ҷамъ карда натавонанд; ба обу гил даромада натавонанд, ғами каҳу бедаро хўрда натавонанд. Ғайр аз ин нигоҳубини боғу полез ҳаст; охири ҳар тобистон аз як санг раҳ хоки сафед оварда, боми хонаҳоро андудан лозим. Шикастурехти дару девор чӣ?
Ташвиши молу ҳолро кӣ мебинад?.. Хулоса, ҳамин ки кореро ба сомон расондӣ, ана ман гуфта, зуд дигараш падид меояд. Яъне ҷунбуҷўли одами рўзгордор афзун гардад, мегардаду ҳаргиз кам намешавад. Боз меҳнати калхоз! Ку вазифаатро як-ду сафар иҷро накун… Талху тунд гуфта, касро ҳатман ба доираи шармсорӣ мекашанд.
Баъд усто Қамчин маҳзун Хадичаро ба ёд овард. Вай ҳам имсол дасттанҳо монд. То алҳол ҳезуму ангишт надорад, боми хонааш интизори андова, дару девораш фатарот... То баргаштани Наврўз бояд усто Қамчин аз рўзгори Хадича низ бохабар шуда истад, ташвиши ўро низ ҳатталимкон ба гардан гирад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо