Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мегўянд, ки вай дар сад сол ба воя мерасад...
– Дуруст, дар вақташ агар инсоф мекардем, ҳоло кўҳу камарамон ин қадар бенур наметофтанд. Ба кам шудани об ҳам худамон гунаҳкор.
Қодир-амак хомўш монд, усто Қамчин низ чизе намегуфт.
Инак нигоҳи андешаманди онҳо ба деҳа андармон буд. Боғоту иморатҳои шиферпўши бисёре аз пошнаи тали Тобазор то худи Ширинсой, дар масофаи қариб ним фарсах, яке аз пушти дигаре тўл мекашиданд. Аз он самти сой ҳамвории сафедфоми хушку холӣ оғоз меёфт ва рафта-рафта ба сафи талҳои пасту баланде мепайваст, ки низ сафедтоб буда, китф ба китф садди устуворро мемонданд. Дар домани ҳамворӣ, дар наздики ҳамон теппаҳо деҳаи Работ воқеъ буд, ки аз ин ҷо, аз пошнаи тали Тобазор, дар муҳити беранги худ як гилеми бузурги сабзро ба хотир меовард.
«Ба работиҳо-ку аз мо сад бор душвортар! – гуфт дар дил усто Қамчин. – То аз ҳамин қадар роҳ меоянд, то оби гирифтаашонро аз Авлод барин дурӣ ба манзил мерасонанд, ки эҳа-а... Нисфи ҳаққи онҳоро раҳораҳ худи Ширинсой медуздад. Дар воқеъ ҳам азоби обронӣ беҳад вазнин!»
– Ҳавзҳоро пур карданд? – пурсид Қодир-амак, се ҳавзи калони деҳаро дар назар дошта.
– Дутааш пур. Фақат ҳавзи Холназар об надорад. Вай имрўз намемонад албатта, худаш бадаста пур мекунад...
– Ба ҳаминаш сад шукр. Миробамон одами батадбир баромад. Дар ҳар сурат ҳавзамон холӣ намемонад, боғамон, иншооллоҳ, ҳосил медиҳад. Агар дар ин моҳи асад беобӣ мекашидем, кор расво мешуд.
– Ҳа, одати токи ҷонвар аз аввал ҳамин... Дар моҳи асад серӣ об хўрад, ангураш нағз мепазад, нахўрад – не! Беҳуда нагуфтаанд: асад – ё расад, ё нарасад.
Қодир-амак калла ҷунбонда, ду-се дақиқа дар банди сукут нишасту пас оҳиста бархост.
– Хайр, усто, сўҳбат боқӣ, ман аз поинҳо як хабар гирам.
Мабодо ягон касиф обдуздӣ карда бошад.
– Ман ҳам меравам, то худи боло… Ба гап овора шуда, қариб буд аз ёд барам, – гуфт усто Қамчин, низ аз ҷой хеста.

пешина
аз 551
навбатӣ