Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва то даме вай, усто Қамчин, боғашро аз таҳти дил об надиҳад, ором намегирифт. «Аввал шумо, амак, баъд мо...» – мегуфт дар лаб табассуми нарм. Дидадаро буд. Барои усто Қамчин ҷонашро дареғ намедошт. Модарашро-ку рўи даст карда мегашт. Вале ин дафъа ҷои ў ана – холӣ...
«Эҳ, Наврўз, Наврўз! Нағз, ки Карим-бобо зинда монд, толеат баланд омад. Вагарна умри ҷавонат ҳайф мешуд».
– Ҳамин бача мисли як фарзанд ба шумо хизмат мекунад, усто, – мегуфтанд баъзе мардуми аз пасу пеши дунё бохабар. – Дуруст не?
Дар чунин лаҳзаҳо усто Қамчин мехост ба онҳо дар ифтихор ҷавоб гардонад: «Дуруст, чунки вай дар ҳақиқат фарзанди ман аст…» Аммо ин талвосаро дар дил зуд фурў нишонда, гўшашро ба карӣ мезад ва дар изтироб ба худ мегуфт, ки бе шубҳа медонанд, бисёрашон медонанд, надонанд ҳам, тахмин мекунанд... Ва албатта, аз кунҷковии одамон хотираш озурда, муддате парешон мешуд вай. Хаёлаш эҳаа... то куҷоҳо мерафт! Он рўзҳоеро низ ба хотир меовард, ки Хадича гирифтори таънаву маломат буд.
Ниҳоят усто Қамчин, ба ҳоли худ хандааш омада, даст меафшонд. Чаро ин қадар асабӣ мешавад? Дар дунё кадом сир пўшида мондааст, ки оқибат сирри онҳо низ фош нагардад?! Пас бигузор донанд; аз як ҷиҳат донистан хуб аст. Фақат ин ки Наврўз... Модоме баъзеҳо дар ғайбату бадгўӣ устухон надоранд, ҳеҷ ҷои аҷаб нест, агар Наврўз ҳам аз асли масъала гумон бурда бошад, ё як рўз не, як рўз аз ҳақиқати ҳол хабар ёбад. Ба хусус ки Хадича бисту панҷ сол муқаддам ба нигоҳи суоломези усто Қамчин ин тавр ҷавоб дода буд: «Ту ғам нахўр. Ман ба вай кӣ будани падарашро мегўям. Ҳеҷ набошад, дар охири умрам мегўям...» Ҳақиқатро донистан бад нест албатта… Лекин чунин ҳақиқат оё ба Наврўз гарон намеояд? Ҷароҳати дили ўро аз нав тоза намекунад? Вай, охир, дар муддати ин солҳо аз нанги бепадарӣ яқин ғам мехўрд. Омада-омада фаҳмад, ки падари ў на каси дигар, балки усто Қамчин будааст, дар чӣ ҳол меафтад? Пас аз ин ҳам Хадича ба рўи писараш озод нигариста метавонад ё не?

пешина
аз 551
навбатӣ