Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз тали Тобазор то Кўшкак шумо ҷавоб медиҳед. Ба деҳа наздиктар. Чӣ гуфтед?
– Чӣ мегуфтам?! Ба ман фарқ надорад. Куҷое ки фиристед, рафтан мегирам.
– Кошкӣ Холназар-ака дониста, аз шумо ибрат мегирифтанд, – гуфт мироб ва аспашро савор шуда, ба Ҳалиму Раҳим рўй ниҳод: – Ҳар ду Авлод меравед, аз паи ман...
– Ин саҳар чашми шумо фақат ҳаминҳоро дид, – ба ғаш омад Холназар.
– Равем, барои худамон меравем, додо... – гуфт Раҳим, ки дар паҳлуи бародараш меистод.
– Дигарон ҳам раванд! Агар як мо об мехўрдем, дарди бахайр буд.
Мироб аз қаҳр суп-сурх шуд.
– Ҳеҷ қисса не, Холназар, инҳо ҷавон, бақувват, – лабханд кард Саидмўъмин.
– Шумо чӣ, кай боз ба пирӣ тан додаед?
– Ҳой, мардак! – ногаҳон бонг зад мироб. – Аз айбу шарм хабар доред ё не? Бемаънигӣ ҳам ба эбаш будагист. Ё мехоҳед, ки Қодир-амаки мўйсафедро ба сари об барам? Шояд гардед ба ман гуфта, усто Қамчинро пеш андозам? Эҳ-ҳ! Додари Расули гург дина боз дар Авлод шиштааст...
– Форад, шиштан гарад, ба ман чӣ?!
Холназар низ дармегирифт.
– Бас кунед, – даст ба китфи ў бурд Қодир-амак. – Аз саҳарӣ ҷанҷол хезондан хосияти нохуб дорад.
– Ҷанҷол мегўед, а! Ин кас якбора дуяшро мебаранду ман ҷим истам?!
Лекин мироб аз лафзаш нагашт ва Ҳалиму Раҳимро, ки дар воқеъ аз ҳама ҷавон буданд, ба худ гирифта, дар шитоб тарафи Авлод рафт.
Қисса кўтоҳ, аз ёздаҳ хонавода даҳ нафар – Холназар дар ҳавлиаш монд – обронӣ баромаданд. Аз ҳар оила яккасӣ; чанд соли охир дар деҳа шарт ҳамин аст. Танҳо аз ҷониби Хадича одам набуд...
Фурсате пас усто Қамчин ба Қодир-амак паҳлу дар паҳлу қадам зада – Тоҳиру Саидмўъмин ва боз чор нафари дигар пеш-пеш мерафтанд, – як қадар маҳзун фикр мекард, ки ҳар дафъа, ҳангоме ба деҳаи онҳо навбат мерасид, Наврўз ҳам бел бардошта, дар қатори мардум обронӣ мебаромад.

пешина
аз 551
навбатӣ