Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва боз... дар муносибати онҳо, усто Қамчин ва Наврўз, сардӣ ё баръакс – такаллуф ба вуҷуд намеояд?
Рўзҳое мешуданд усто Қамчин дар бораи сирри худашу Хадича ва ҳаёти Наврўзи ҷавон дар хонаи як меҳри ниҳон, ки омехта ба дарду гудоз буд, қариб ҳамин тариқ андеша меронд. Вале ҳар қадар ба хаёл равад, ҳамон андоза сару нўкашро гум мекард. Ин вақт низ вай ба Қодир-амак паҳлу ба паҳлу қадам мезаду дар банди чунин изтироб монда, буттае намеёфт, ки умедвор даст гирад.

4 Тоҳиру Саидмўъмин ва боз чор нафари дигар лаблаби ҷўйбор боло рафтанд: мебоист аз саргаҳи об – аз худи Авлод то Кўшкак обронӣ кунанд. Обраҳаи он ҷойҳо, азбаски даҳанаву мағок ва пастиву баландиҳои зиёд дорад, ниҳоят серташвиш аст.
– Понздаҳ-бист сол пеш мардум аз Ширинсой ҳатто дар саратон харакиву аспакӣ мегузаштанд, – хаёлманд изҳор намуд Қодир-амак. – Тавба…
– Рост мегўед, ака, он замонҳо соле дувоздаҳ моҳ аз об таъмин будем, – фикри ўро тасдиқ кард усто Қамчин. – Ин қадар ташвиш намекашидем.
Ҳар ду дар пошнаи тали Тобазор рў ба офтоб менишастанд. Ба сари онҳо беди ҷавоне соя меафканд. Аз пеши чашмашон як даҳана оби зулол ҷорӣ мегардид. Ва тахмин чил қадам поинтар ба шўру ғавғо дар нишеби сангин ғел зада, баъд боз каме ҳамвор рафта, ба обмўрии наздиктарин хонавода медаромад – сарҷўи деҳа дар бисёр маврид аз байни ҳавлиҳо мегузашт.
– Ман ҳайрон, усто, – пас аз қадре хомўшӣ аз нав сухан ангехт Қодир-амак. – Об таҳтан кам бошад, хайр, худаш кам аст мегўему мемонем. Лекин гап дар он ки сол то сол танқис мешавад. Шумо ҳам қиёс кардагистед – имсол вай аз порсола дида хеле кам.
– Аввало ин ки солҳои охир зимистонамон ба ном зимистон – борад, як-ду бор барф мебораду ба ҳамин тамом. Сониян, аҳолӣ зиёд шудааст; аҳолӣ ки афзуд, оби ҷонвар чӣ…
рафтан мегирад, – низ мулоҳиза ронд усто Қамчин. – Баъди ҷанг, худатон медонед, агар дошта бошад, деҳа бисту панҷсӣ оила дошт.

пешина
аз 551
навбатӣ