МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Вай тахмин панҷоҳсола буд. Ришу мўйлаби тунук ва бар замми ин кўтоҳи мошубиринҷаш ба андоми лўндаи ў хеҷ намезебиданд. Боз... чашмонаш ҳам хунук – калон-калони барҷаста ва сероб буда, чашми ғукро ба хотир меоварданд.
– Омад... Омад занғар, – зери лаб пичирос зад Ҷалол ва чойҷўшҳоро аз оташ гирифта, ба ҳар кадом як каф-як каф чои хушк андохт.
Дар ин миён Ҳалимбой ба хайма наздик шуда:
– Иш-ш! – гуфт ба хараш.
Маркаб, ки пойҳои қоқаш захмин буданд, қадре калавида, базўр истод.
– Хуш омаданд! – аз ҷой хеста, ба овози баланд гуфт Ҷалол.
– Хушвақт бош, додарам, – ҷавоб гардонд Ҳалимбой, ки дар сухани Ҷалол оҳанги нафрину тамасхурро ҳис карда, худро лоилоҷ ба нофаҳмӣ мезад. – Ҷанобашон наметобанд?
– Ҷанобашон дар хаймаи хоса. Истироҳат доранд, ё кӣ медонад, эҳтимол дар ғами ту ва ту барин мумсикҳои шабушкашонро кушта, хунашро мелесидагӣ бошанд.
– Саҳар қатӣ ягон алафи ганда хўрдӣ?
– Ёфтӣ, аз ҳамон алаф барои ту ҳам эҳтиёт карда мондаам. Як гав бемалол сер мешавад.
– Ту ин гуна бадзабон набудӣ-ку...
Ҷалол ба чашмони бештар дамидаву мутаҳайири Ҳалимбой назар дўхта, ногаҳон пурсид:
– Чакмани маро намегирӣ?
– Чӣ хел? – мижаҳои тунуки қариб берангаш пир-пир парида, гаранг шуд Ҳалимбой.
– Чӣ хел, чӣ хел... – ўро акнун масхара карда, Ҷалол пиқпиқ механдид. Аммо чашмонаш ғазаболуд буданд. Баъд вай якбора ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ гирифт. – Ҳамин хел! Аз афту башараат дили кас беҳузур мешавад. Ба ҳолат раҳмам омада, маҷбур гуфтам...
– Кошкӣ! Либоси ту барин ғозиҳо табаррук.
Маркаб бетоқат шуда, пойҳои ҷафодидаашро монугир мекард. Аз боло сиёҳмушкини Усмон Азиз ба хари Ҳалимбой ва аспҳои дигар рўй оварда, сумкўбон шиҳа мекашид; гарданак зада, гирдогирди гулмех тор метанид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё