Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар сари як коса об меларзад ҳаромӣ! Ҷон медиҳаду ба касе луқмаи нон намедиҳад.
– Барои чӣ ин хел мегўӣ? Се рўз боз моро мехўронад...
– Ҳамааш аз тарс. Вагарна дар ҷои нону ош ба косаат санги сепарра меандозад. Аз афташ маълум, аз чашмони бозигараш маълум. Ғайр аз ин… сарулибосаш чӣ? Бой бошад ҳам, аз гўлахии Пешовар бадтар. Ё ту надидӣ?
– Хайр, шуд, – гуфт ба оҳанги норизоӣ Қурбон ва боз ба кўҳҳои Боботоғ рўй овард, ки аз дуриҳои дур, аз канори водии Гардон, бисёр хира ва...
Чун дар тасарруфи туман хокистарранг метофт.
Ин дам қурси офтоб қади найза боло шуда, оламро мунаввар менамуд. Дар вусъатободи кабуд ҷо-ҷо абрҳои сабук шино мекарданд. Нишебиҳои дара, талҳои пасту баланди домани он ва ҳама водии Гардон, то ҳадде ки чашм мерасид, сабзпўш буданд. Аз қаъри дара шуввоси рўд меомад.
Дар ин айёми боронҳои ҳамал пуробу хурўшон буд дарёчаи кўҳӣ! Аспҳои баста фириқ-фириқ бинӣ меафшонданд, сум мекўфтанд; дум ҷунбонда, бемалол алаф мехўрданд. Онҳое ки дар болои арақчин ё зину чиргии ҷонварони худ менишастанд, ҳамчунон пакар буданд, ба якдигар қариб гап намезаданд. Оби зарфҳо дар миёни гулхан баланд меҷўшид. Ҷалол наменамуд; аз паи коре ба хайма даромада буд.
«То куҷо мегурехта бошем?» – гуфт дар дил Қурбон ва аз ҳавои ҷонбахши кўҳистон чуқур нафас гирифта, дуртар аз оташ ба рўи санге оҳиста нишаст.
– Дер кард ин бои шабушкин! – овоз баровард Ҷалол, ки дар як даст пиёлаву дар дасти дигараш чойхалтаи нима, мурғи посўхта барин ҷонсарак аз хайма берун мешуд.
– Меояд, ҳамин замон меояд, – гуфт Қурбон, ба бетоқатии ў саҳл табассум карда.
Ва аҷаб...
Фурсати як мижа задан нагузашта, дар пайроҳаи байни буттазор воқиан ҳам маркабе намоён гардид, ки дар пушт бордони вазнин дошт. Хар бисёр пир, лоғар... ва шабеҳи хўрҷини ҳар ду паллааш пур гаргин буд. Аз паси он ҳайвони нимҷон Ҳалимбой, марди шикамкалони рафидарўй, дар тан ҷомаи рангаш тамоман паридаи саддарбеҳ, базўр нафас кашида, лапон-лапон қадам мемонд.

пешина
аз 551
навбатӣ