Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чанд бор гўям?!
– Ту рўзҳои охир бисёр доно шудаӣ, – ғашаш омада, ба зарда гуфт Ҷалол. – Корат фақат ақл ёд додан: ба об туф накун, ба оташ туф накун, мўрча дар таки поят намонад, рафту тортанакро бинӣ, даст нарасон, накуш. Убол, ҳамааш убол! – Вай дақиқае хомўш истода, баъд якбора фишос зад:
– Одамкушӣ чӣ? Одамкушӣ убол нест? Хонумонсўзиву зўроварӣ чӣ? Ба анбори гандуму дастархони нон оташ монда, гўшу бинии мардуми бегуноҳро бурида, боз номи худову пайғамбарро ба забон гирифтан чӣ?.. Инаш убол нест? Ку гап зан!
Инаш убол нест?
– Агар вай ҳамин гапатро шунавад, – гуфт Қурбон, ба тарафи хаймаи якум, ки аз байни арчаҳо қариб наменамуд, ба нигоҳи тарсомез ишора карда, – забонатро аз пушти гарданат мекашад.
– Кашад, бигузор кашад! – чашмонаш нохост хун гирифтаву аз хона ҷаста, гуфт Ҷалол. – Дар ин дунё аз шутур калонтар филҳо ҳастанд. Вай ҳам, Иброҳимбекат ҳам, они дигараш ҳам ягон рўз ҷазояшонро мебинанд...
– Бас кун!
– Бас накунам, чӣ? Рафта хабар медиҳӣ?
– Не, ман дар умрам хабар накашидаам. Лекин дигарон...
мабодо шунаванд, нағз намешавад. Ҳоло рав, камтар дам гир. Рав...
– Мани сарсахт дам гирам, кӣ чой меҷўшонад? Кӣ ғами дастархонро мехўрад?
– Ман... Ту рав, ором шав.
– Не, ошно! Ҳар кас вазифаи худашро адо кунад, – гуфт Ҷалол ва муддате ба ҷониби дара, ки дар як хами он, аз ин ҷо тахмин ним санг поинтар, деҳаи хурди Сияҳбед чун авули танҳо ба назар мерасид, чашми дашном дўхта, дар ситез суханашро идома дод: – Офтоб баромаду аз вай лаънатӣ ҳоло ҳам дарак нест.
– Киро мегўӣ? – пурсид Қурбон ва шохи дар дасташ бударо ниҳоят ду ҳис карда, ба оташ андохт.
– Ҳалимбой...
– А-а-а, наомад гуфта, ҳамонро мепурсидӣ?
– Бале, ҳамон рўбоҳи тулакро пурсида будам; ҳамон кафтори лошахўрро, ҳамон шағоли бадбўйро.

пешина
аз 551
навбатӣ