Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шоху шаббаи ба даст гирифтаашро қариб як навъ шикаста, баъд оҳиста дар оташ меандохт...
Дуртар аз ў чор-панҷ нафар марди ҷавону миёнсол, ки ҳама риш ё мўйлаб дошта, ба камарашон – монанди якумӣ – аз сари китф гузаронда, низ қаторвазнаҳои пур аз тир баста буданд, дар болои зину афзори аспи худ нишаста, гоҳ-гоҳ ба ҳамдигар гап мезаданд. Аз чеҳраи дар офтобу боду борон шахшўл ва сиёҳтоб гардидаашон аён буд, ки онҳо дар интизори кадом як ҳодисаи нохуш нафас мегиранд. Дар пеши пояшон, дар рўи сабзаи оғушта ба шабнам, туфангҳои ёздаҳтираи ангилисӣ мехобиданд.
Аз муқобил, аз пушти кўҳи Боботоғ, ки он ҷо шафақ ба ранги хуни равон буд, ногаҳон офтоб сар зада, нахустин нурҳои ларзонаш ба қуллаҳои пурбарфи Чилчароғ акс ёфтанд.
Худи ҳамин лаҳза аз поин, аз байни буттазори ғулӣ, ки охираш ба қаъри дара мерасид, марди дигаре, дар ду дасташ ду чойҷўши калони мисин, ланҷу лангок берун омада, ба гулхан наздик шуд. Ва борашро ба димоғи сўхта дар миёнаҷои оташ монда, қомати кўтоҳашро рост кард; қаторвазнаҳои сари китфу камарашро ба тартиб овард. Тап-тап пой кўфта, лои мўзаашро афшонд. Сипас ба чеҳраи ғамгини шарикаш, ки ҳоло ба дуриҳо чашм дўхта, дар даст шохи нимпўсидаи арча, ҳайрону ноҷунбон меистод, ба диққат нигоҳ карда, маънидор сурфид. Аммо вай, чунон ки шах шуда бошад, ҳолаташро тағйир надод, ҳатто мижааш хам нахўрд.
– Қурбон!
Ин дафъа низ гўё ҳарфе нашунида, ў ҳамчунон хомўшу беҳаракат монд.
– Қурбон мегўям, – такрор кард марди обоварда.
– Чӣ гап дорӣ? – пас аз фурсате сукут ба вай як назар давонда, пурсид ниҳоят Қурбон.
– Наомад?
– Кӣ?
– Намедонӣ кӣ?! – дар қаҳру нафрати ошкоро ба гулхан туф андохта, ғурунгос зад ў.
– Ба оташ туф накун, Ҷалол! Фаҳмидӣ... туф накун. Убол аст, охир...

пешина
аз 551
навбатӣ