МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ана ба ту чакман! – гуфт Ҷалол, нарангушташро аз байни ду ангушташ баровардаву дандонҳояшро ғиҷирос занонда. – Табаррук, а! Туро агар дар ихтиёрат монанд, аз мурда кафан мебарӣ.
– Бас кун, Ҷалол, – гуфт аз ҷои нишастааш Қурбон, ки асабонияту тундзабонии шарики худро дида, дар тааҷҷуб меафтид.
– О ту аввал ба сару пои ин як нигоҳ кун.
– Ба сару пои ман чӣ кор дорӣ? Хўрданатро дон.
– Бисёр миннат накун!
– Ман миннат накардаам.
– Ман ҳам… – андак суст шуд Ҷалол. – Дар омади гап гуфтам, раҳмам омада... О ту бой-ку! Сарулибоси озода пўшида гард, таоми бамаза хўрда гард.
– Об дар ҷои сахт меистад, додарам. Ҳоло ту хомӣ.
– Хайр, шуд! Дар ин дунё як ту пухта бошӣ, кифоя. Фурор хўрҷинатро! Чӣ овардӣ?
– Чӣ меовардам?! Нон, гўшт, тухм, шир, асал... Ба шумоён, охир, озода пўшидану бамаза хўрдан одат шудааст.
– Ҳа, одат шудааст. Ба ту чӣ, алам мекунад?
– Не-е, – китф барҳам кашид Ҳалимбой ва аз Ҷалол ба хотири озурда рўй гардонда, пеши хараш рафт.
– Алам намекарда бошад, дам назада фурор хўрҷинатро, тезтар фурор! – гуфт Ҷалол, ки ғазабаш худ аз худ боз ба ҷўш меомад. Баъд вай ба Қурбон нигарист. – Ту ҳам аз ҷоят хез. Рафта ба ҷанобашон гўй, ки дастархон тайёр. Барам, ё лутф карда, шон ба назди мо, пойлучҳо меоянд...
– Ҳоло тайёр не-ку.
– Тайёр набошад, мешавад! – раги гарданшахиаш ҷунбида, дубора ба оташ туф андохт Ҷалол.
– Забон дар даҳон посбони сар аст гуфтаанд, ошно! Ба эҳтиёт гап зан, – сахт таъкид намуд Қурбон ва бархоста, ба сўи манзили Усмон Азиз рафт.
Ҷалол аз хайма як дастархони шолро бароварда, назди хўрҷин омад, ки инак дуртар аз гулхан дар паҳлуи санге меистод. Ҳалимбой бари ҷомаашро ба таки дунбааш монда, дар пеши хўрҷин болои санги дигар менишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё