Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Боз худатро ба нофаҳмӣ мезанӣ, а... сагбача! – гуфт Халил ва дар тамоми қувва ба сари ў қамчин фуровард.
Анвар сахт калавиду нағалтид.
– Мардум! – ҷигараш гўё рехта, беҳол фарёд кашид Сабоҳат. – Дар ин дунё инсоф ҳаст ё не? Вай лаънатӣ чӣ кор мекунад? Чӣ кор мекунад ба додари ман...
– Даматро гир, ки... – ба тарафи ў асп ронда, дод зад Халил ва боз ба сари Анвар омад. – Дар вақташ ту қатӣ модарат маро ба як пули сиёҳ нахаридед. Вай чилдурўғ, беҷогард, ҷулғундипўш гуфта, ана он қанчиқро ба ман зан шудан намондед. Ана он барзагави акнун дар ҳалқаи дор овезонро аз ман авло донистед... Рост мегўям?
– Рост, – ба нафрат ҷавоб гардонд Анвар, ки дар бари рўяш се хат хун метаровид. – Чунки ту воқиан ҳам чилдурўғӣ, ба ҳеҷ чиз эътиқод надорӣ, як махлуқи бемазҳабӣ!
– Шояд ман ба одаму олам эътиқод надошта бошам. Лекин ту... – Халил мили камонро ба сари синаи ў рост карда, даст ба куланг бурд. – Ту имрўз аз дасти ҳамин махлуқ ба ҷаҳаннам меравӣ!
– Ёфтӣ вақту соати интиқом гирифтанро, тарсу, – гуфт Анвар ба заҳрханд ва ҳамоно дар саҳни ҳавлӣ садои тир танин андохта, ў сандуқи дилашро қапиду як-ду бор калавида, оҳиста ба замин афтид.
Ҷиран сахт шиҳа кашид, чароғпоя шуд, вале савори бегона ва дарғазабашро аз хонаи зин канда натавониста, чун бод ба кўча тохт.
Одамон ғирев бардошта, боз ба ҷунбиш омаданд.
Сабоҳат худро дар болои ҷасади беҷони додараш партофта, аз зўри дарду алам ва ноилоҷӣ ба ҳама вуҷудн дунё лаънатҳо хонда, ҳой-ҳой мегирист.
...Ин дам Усмон Азиз аз Нилу берун шуда, дар ҷадал асп меронд; раҳи ағбаро дид карда мерафт ў. Қурбону Ғуломҳусайн аз дунболаш буданд. Аммо ҳар се намедонистанд, ки айнан дар ҳамин лаҳза Анвар, рост ба сари дилаш тири сўзон расида, аз пой даромад. Ва кушандааш ба кафали аспи вай беист қамчин зада, аз паи онҳо низ деҳаро тарк намуд...
Офтоб хеле баланд шуда, ба замину замон гармӣ мебахшид. Осмон мусаффо, нилобӣ ва дастнорас буд. Аз сабзаи навхези баҳорон гирду атроф кабудфом метофт.

пешина
аз 551
навбатӣ