МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Дар пеш кўҳи Ҳафтсар мағрур қад афрохта, барфи қуллаҳояш дар партави меҳри чоштгоҳӣ хуш ҷило медод. Олам дар оғўши сукунат буд. Ва ин сукунатро танҳо садои на чандон муназзами суми аспҳо халалдор мекард.
Усмон Азиз дар болои зин устувор нишаста, сараш андак хам, ба як ҳаво асп меронд. Ва дилаш ғарқоби хун шуда, дар банди азият меандешид, ки пас аз шаш соли ғурбат орзуи ватан карда, имрўз ана… умедаш билкул барбод рафта, бозпас аз Нилу баромад; лекин чӣ тавр, ба кадом насақ, аз кадомин рахнаи сарҳадди ин диёр гузашта, ба дидори зану фарзандаш мерасад... Ва мерасад магар?
Вай оҳ кашид; оҳ кашиду чашмони хастааш дар сабзаи атроф, аранге бўи бараҳои навзод ва ширу қаймоқи авулро шунид. Ва ин роиҳаи аз кўдакӣ шинос димоғашро тарк накард, балки тезтар шуд.
Усмон Азиз, тамоми вуҷудаш гўё даргирифта, дида пўшид ва ҳамон дам ба сари мижаҳояш ашк давид. Баъд дар пеши назари ў авуле пайдо гашт, ки Барвеш ном дошта, дар як ҳамвории пошнаи талҳои қатор воқеъ буд.
– Саворон! – гуфт дар таҳлука Қурбон.
Аз ин нидои ногаҳон Усмон Азиз ба худ омада, чашм кушод. Дар рўбарў майдони хурде тўл кашида, охираш ба ду тали калон мепайваст, ки аз байни онҳо ягона пайроҳа мегузашт. Ва ҳоло аз ҳамон мавзеъ панҷ нафар савора берун шуда, дар арсаи пур аз сабзаву лолахасак паҳлу ба паҳлу асп меронданд. Дар дасти ҳар кадоме туфанг, осуда ва ба эътимод меомаданд онҳо!
«Кӣ бошанд?»
Усмон Азиз лаҷоми сиёҳмушкинро як таранҷид. Аммо баъд саворонро шинохтаву қариб буд аз ақл бегона шуда, маузерро дарғазаб аз ғилоф кашид. Асп, лаҷомаш аз нав суст гардида, чорхез гирифт.
Ҷонвар акнун ба тақозои соҳибаш аз пайроҳа баромада, рў-рўи алафу лолахасакҳои шукуфон медавид. Майдони таки пояш қолини бузурги сабзро мемонд, ки фақат ба гулҳои сурх оро ёфтааст...
Усмон Азиз аз панҷ нафар саворе ки парерўз онҳоро дар болои деҳаи Сияҳбед хона ба хона ҷавоб дода буд, ҳамчунон чашм наканда, дар қаҳру заҳр асп метохту мутаҳайир ба худ мегуфт, ки ин чӣ савдо, ин чӣ сарнавишт!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо