Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Анвар зўр зада, мехост аз ҷой хезад. Вале ин осон набуд. Собунаки зонуяш чун дар кўраи оташ сўхта, дилаш беҳузур мешуд.
Мулло Салим ноҷунбон меистод. Гўё акнун мефаҳмид, ки ба чӣ фоҷиаи хунин фотиҳа додааст.
Хонаи Усмон Азиз дакиқа ба дақиқа аланга мегирифт.
Дару тиреза ва болору вассаҳои он чарс-чарс садо бароварда, дуди сиёҳаш печутоб хўрда, гирдбодвор ба осмон мерафт.
Одамон боз ба худ омада, ҳама якҷоя ба ҷониби Анвар тохтанд. Касе дасти ўро кушояд, дигаре аз зери бағалаш гирифта, мадад мекард, ки ба по хезад. Сабоҳат мегирист, рўю мўй меканд. Ва:
– Додарам, додаракам... – гўён дар гирди Анвар парвонаи сўхта мешуд.
Мулло Салим аз назди онҳо гузашта, балки хазида, чун дузд номаълум кўча баромад.
Ҳангоме ки Анвар бархоста, дандони шикастаашро омехта ба хуни даҳан туф карда партофт, дар бари вай ногаҳон Халил пайдо шуда, ба пеши пои издиҳом тир кушод ва чашмони оташгирифтаашро бозӣ доронда:
– Яклаба истед! – гуфт.
Дар даст туфанг, ў савори асп буд.
Савори ҷирани Анвар...
Одамон гаранг худро каме пас кашиданд.
– Ақлашро бой додааст ин хирасар, – овоз баровард кадоме аз ҳозирон.
– Зоташ паст буд... – гуфт оҳиста дуюмӣ.
Сабоҳат, дилаш қариб кафида, ранги рўяш пахта барин сафед, дар ҷояш шах шуда меистод.
Анвар базўр қомат афрохта, аввал ба ҷиранаш, ки даҳана хоида, шиҳакашон бетоқатӣ мекард, ва пас ҳайрон ба Халил нигарист.
– Ту ҳам ягон мақсад дорӣ?
– Набошад чӣ? – ҳатто мижааш хам нахўрда, гуфт ў ба тамасхури ҷонгудоз.
– Аҷа-аб... – лаб газид Анвар.
– Фаромўш накардаӣ албатта?
– Чиро?

пешина
аз 551
навбатӣ