Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Гарданатро шикаста, шабу рўз хун парто, Усмон Азиз!
– Дар тақдири шумо ҳам ягон бало будагист... – гўён ба саворон наздик мешуданд.
Анвар низ базўр қадам мондаву аз ғояти дард дандон ба дандон гузошта, ба сўи Усмон Азиз мерафт. Рангаш парида ва чашмонаш пурғазаб буданд.
– Лаин, – пичирос мезад ў, – лаин...
Ҳамин вақт дар болои сари издиҳом боз тир кушоданд.
Аввал Ғуломҳусайн, баъд Халил... Ва одамон тарсида, боз ноилоҷ таваққуф карданд. Фақат Анвару Сабоҳат наистоданд. Онҳо, додару хоҳар, аз ду тараф ба Усмон Азиз нигариста, дар хашм пеш мерафтанд.
– Маро ҳам овез, хунхор, овез! – мегуфт Анвар.
– Илоҳӣ зану фарзандонат ба ҳоли ман афтанд! – мегуфт Сабоҳат.
Аммо Усмон Азиз лаҷоми сиёҳмушкинро сахт тоб дода, баъде ки ҷонвар як гирд гашт, ба ҳаво тозиёна бардошт ва ба ҳамин онҳоро наздик шудан намонда:
– Забонатро каш, кўрнамак! – гуфт ба Анвар.
Сипас ба мулло Салим рўй овард.
– Ха-айр...
Ва ба дандаи аспаш сабук пошна зада, сари онро ба тарафи дарвозахона гардонд.
Қурбону Ғуломҳусайн ҳам:
– Чу-у! – гуфта, аз пушти ў ба ҳаракат омаданд.
Мулло Салим, ки ба назар моту мабҳут гардида, дар паҳлуи Ҳомид рост меистод, ба тасбеҳи саддонаву асои дар байни ангуштони хушкаш овезон даст ба рўй бурд...
Фиғони Сабоҳат ба осмон печид.
Анвар чӣ кор карданро надониста:
– Куҷо меравӣ, номард?! Ист, охир, ист! Овез маро дар қатори инҳо! Овез, куш, сўзон... Ист, охир! – гўён лаҳза ба лаҳза овозаш дар гулў печида, фарёд мекашид.
Вай лангон-лангон чанд қадам пеш партофту ба ғуломгардиш нарасида, дар замини ҳамвор пешпо хўрд ва азбаски дастонаш ҳамчунон маҳкам баста буданд, ҷароҳаташ низ бисёр дард мекард, мувозинаташро дошта натавониста, ба даҳон афтид; сахт афтид. Як дандонаш шикаста, ба лабони парсинбастааш риштаи хун давид...

пешина
аз 551
навбатӣ