Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин ҳангом Ғуломҳусайн аз таки пои Каромати муаллим ба як зарба кундаи ғафси зардолуро чаппа карда, ба ресмони сеюм расида буд.
– Вой, э войе-ее... вой! – мегуфт Сабоҳат, дар ҳалқаи мустаҳками дасти занҳо сад бор мурдаву аз нав зинда гардида.
Дигарон ҳам, ки ваҳмидаву ларзида, ёрои ҷунбидан надоштанд:
– Ин чӣ гап?
– Чӣ бедодӣ!
– Хонаат сўзад, босмачӣ!.. – гўён чун сел ногаҳон аз ҷои худ кўчиданд.
Вале ҳамоно дар гирду пеш такроран садои тир баланд шуд, ки онро Халил, Халили дар пиндор оқибат ба мақсад расида... паронда буд. Ва одамон тарсида, ногузир боз таваққуф карданд; ҳатто даме хомўш гардиданд.
Ғуломҳусайн охирин ҳалқадавакро кашида, ба гардани Анвар андохт. Бардорузани Сабоҳат бештару фарёдаш баландтар шуд. Издиҳом низ ғирев дошт.
– Наҷунбед! Наҷунбед гуфтам ман ба шумо ҳайвонҳои бемағз! – туфангашро ба сўи одамон рост кард Халил.
Ва онҳо намеҷунбиданд; гўё нафас ҳам намегирифтанд.
Танҳо лобаву шевани Сабоҳат ба гўш мерасид. Ва боз...
Шиҳаи ҷонварон...
Ҳангоме ки Ғуломҳусайн мехост ба кундан таки пои Анвар лагад кўбад, Усмон Азиз қамчини дуқатро ба зери тасмааш хаста:
– Ист, – гуфт.
Ғуломҳусайн дар ҳайрат худро пас кашид. Ва Усмон Азиз ба қадамҳои устувор пеш рафта, дар рўбарўи Анвар, ки аз паҳлуи ҷасади дар ресмон овезони Юнус ва Каромати муаллим… дар болои як кундаи калон ҷасурона рост истода, ба офтоби тобону уфуқи покиза хаёлолуд ва мағмум чашм медўхт, таваққуф кард. Лаҳзае ба чеҳраи ў нигариста, пас ба тани беҷони рақибонаш рўй овард, ки ҳар ду ҳам дигар наметапиданд. Ва дубора ба Анвар назар афканда:
– Ҳай-ҳай, бача... – гуфт. – Шояд дар дами марг ба худ омада, узр мепурсӣ?

пешина
аз 551
навбатӣ