МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Вой дод, сад дод... Додарам, додараки хушрўям, хушгапам; шавҳари меҳнаткашам, хонаободам... Дод, сад дод аз дасти босмачӣ... Додарам, додараки нокомам; шавҳарам, шавҳари содаам... Дод, вой дод... – мегуфт ў, девонавор калла ҷунбондаву дақиқа ба дақиқа карахт шуда.
Вале Усмон Азиз фарёди ҷонситон ва дар айни ҳол рўҳбахши дили афсурдаи ин зани меҳрпарварро гўё намешунид.
Дандон ба дандон монда, ба қурбониёни худ ва ресмонҳои нўкашон ҳалқа менигарист. Чашмони барроқаш хун гирифта, ҷонаш дар бадан намегунҷид.
Қурбону Ғуломҳусайн асиронро якта-якта инак болои кундаҳо бароварда буданд.
Анвар ва Юнус лаб газида, ба қурси оташгуни офтоб нигоҳ мекарданд, ки қади ду найза баланд шуда, деҳаро дар ихтиёри анвори зарҳалии хеш месупурд. Каромат андак пакар буд; мегирист.
Дар тори сари онҳо се ресмони ала, чун се мори дар васвасаи қасос, ба печутоб хамбида, дар дидаҳо бисёр хунук ва даҳшатзо метофтанд.
Усмон Азиз, нигоҳаш ба нигоҳи фармонбари Ғуломҳусайн пайваста, даст афшонд.
Ва ў, лаганбардори зархаридаш, пеш аз ҳама ба Юнус наздик шуд; дар қафои вай ба нўки по истода, дастонашро ба ҳаво бардошт – Қурбон ин дам ба сўи собот рафта буд – ва ҳалқадаваки ресмонро қапида, чолокона ба гардани он шўрбахт андохту кундаро аз такаш тела дода, шитобон ба ресмони дуюм даст дароз кард. Агарчи аз фарёди Сабоҳат гўшаш ба қомат меомад, ў ҳатто одаму оламро ба ёд наоварда, гардани муаллими ҷавонро низ бепарво ба ҳалқадавак гирифт.
Аспҳо дар қафаси зину лаҷом безобита шуда, сумкўбон шиҳа кашиданд: мехостанд, ки аз банд ҳар чи зудтар берун раванд. Аммо мехҳои якгазиву полҳангҳои бақуввати пашмин онҳоро сар намедоданд. Ва ҷонварон боз гарданак зада, шиҳакашон қариб чароғпоя мешуданд.
Махсусан ҷирани Анвар сахт бетоқат буд. Ба гирди худашу Қурбони акнун осема давида ва ба ҳаво шатта партофта, ҷандала мекард, ки аз қайди асорат раҳо ёбад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо