МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Модом ки аз нав хостед, ба такрор мегўям: сазои махлуқи аз дин гашта – фақат куштан!
– Шунидед? – пурсид Усмон Азиз, бештар ба Комрону Раҷаб-бобо нигариста.
– Шунидем, лекин... – гуфт мўйсафед.
– Чӣ лекин? Чӣ?! – тамоми овозашро сар дода, сухани ўро бурид Усмон Азиз.
Ба ин нигоҳ накарда, одамон боз ба ҷунбиш омаданд.
Онҳо як-ду қадам пеш партофта, дар ҳаяҷон мегуфтанд:
– Бераҳм.
– Ин корат аз рўи шариат не!
– Ку инсоф?
– Кадом фарзанди мусулмон ба сари мардуми бегуноҳ теғ кашидааст?!
– Худову расулро фаромўш кардаӣ.
– Намемонем...
– Намемонед? – дар даст тозиёна, бонг барзад Усмон Азиз ва ба як имои вай аввал Ғуломҳусайн, баъд Халил – Қурбон дуртар меистод – дар пеши пой ва болои сари онҳо паёпай чор-панҷ тир андохтанд.
Издиҳом чун гўсфандоне ки аз ҳуҷуми ногаҳони гург ларзида, ба ҳамдигар ҷафс мешаванд, дам ба дарун гирифт.
– Намемонед, а? – такрор кард ғолибона Усмон Азиз ва аз Халил рўй гардонда, даршаст ба Қурбону Ғуломҳусайн нигарист. – Баред!
Онҳо ҳар серо зуд пеш андохта, ба таки яке аз чор тути калони балхӣ бурданд.
Каромати муаллим, вақте ки Ғуломҳусайн:
– Би-ига-ард! – гуфта, ўро тела медод, чашмаш ба одамон, дар ин саҳари офтобӣ нахустин маротиба лаб кушод:
– Ба модарам гўед, ки ман аз лаънатиҳо наметарсидам.
– Албатта наметарсӣ – ту, охир, қаҳрамонӣ! – гуфт ба масхара Усмон Азиз.
– Боз ба вай расонед, ки маро бубахшад...
...Халил, бо вуҷуди он ки худро дар назари Усмон Азиз беэътибор ангошта буд, камонаш тайёр ба оташкушоӣ, дар рўбарўи издиҳом мағрур меистод. Зану мард чӣ кор карданро надониста, дар банди сукут метапиданд. Аз байни онҳо фақат нолаи Сабоҳат ба осмон мепечид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо