Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас эҳтимол медонед, ки аҷдод-аҷдоди ман ба касе бадӣ накардаанд...
– Барои чӣ? – тоқаташ тоқ гардида, ба сухани вай лат дод Комрон. – Бадӣ ҳам карда буданд. Агар не, ин қадар тавонгар намешуданд.
Вале Усмон Азиз гўшашро ба карӣ зад.
– Ба ҳар ҳол ман дар пеши шумо гуноҳ надорам. Ман молу маноламро аз падару бобоёнам мерос гирифта будам.
Аз сарвати дунё ҳамеша бениёз будам. Шояд бинобар ин, чашму дилам сер, ба хизматгору чоряккор ё ягон чўпони худ ҷабр намекардам, ба ҳаққашон зомин намешудам. Мехостам доим шарики тўю сури шумо бошам, аз ғаму андўҳи шумо нагурезам. Зимнан ҳамин сурат ҳам буд...
– Сафсата, – гуфт боз Комрон.
– Мумкин... – тамасхур кард Усмон Азиз ва ором суханашро идома дод: – Баъд ногаҳон тўфони бало хесту тақдир маро ба кўи ғарибӣ андохт, ба қафаси номуродӣ кашид. Лекин аз паи хости худо ба ин ҷойҳо баргашта, ошкоро дидам, ки се нафар бегуноҳи шумо хонаву дари покизаи маро чӣ гуна таки по кардаанд. Аз ҳама бадаш, ғуломвор ба рикоби куффор часпида, ба тазйиқу таҳдид калхоз сохта, Нилуи мусулмонободро низ ба гандагӣ олудаанд...
– Ту ҳамон гандагиро дар куҷо дидӣ? – мутаҳайир пурсид Раҷаб-бобо.
– Дар даҳони ту! – гуфт филҳол Усмон Азиз, ғазабаш дуболо гардида.
– Беадаб, – ноилоҷ монда, хандид мўйсафед.
Аммо Усмон Азиз ба ҷониби ў як чашм песонду:
– Ман ба шумо дигар чуну чаро намекунам, – гуфт ва тоб хўрда, ба қафо, ба мулло Салим рўй овард. – Имом!
– Лаббай, тақсирам!
– Гап занед ба ин фуқарои бефаҳм.
– Чӣ гап занам? – қадре даступо хўрд вай.
– Фаҳмонед, ки ҷазои ана онҳо чист?
– Ман дирўз ба шумо гуфта будам, тақсир. Имрўз ҳам гуфтам.

пешина
аз 551
навбатӣ