МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Падарат, бобоят ҳам... ба ҳар ҳол инсон буданд.
– Боз чӣ?
– Боз мегўӣ?.. – риши чун барфҳои кўҳи Ҳафтсар сапсафедашро ба қабза гирифт мўйсафед. – Боз ин ки ақлатро дуруст кор фармо. Ба инҳо нарас, осеб нарасон. Рафтан хоҳӣ, хуни ноҳақ нарехта, хапу дам баромада рав.
Одамон дар пушти ў аз нав ба ҷунбиш омаданд.
– Рост.
– Баинсоф бош.
– Мусулмонӣ куҷо шуд?..
– Нағз не, бой, – мегуфтанд онҳо.
– Хомўш истед! – даст бардошта, ба шиддат фармон дод Усмон Азиз. – Хомўш... – Ва пас, баъде ки ҳозирон сукут карданд, рост ба Раҷаб-бобо нигариста, ба оҳанги шикоят пурсид: – Шумо мехоҳед, ки ман ба ин кофирони миллатфурўш чор тарафатон қибла гўям?
– Чор тарафатон қибла гуфтан шарт не, Усмон... Ман ба ту аз номи халқи Нилу мефаҳмонам: ба ҷони ҷавони онҳо ҷабр накун. Чӣ тавре гумон мебарӣ, ҳаргиз кофир нестанд ин бандаҳои худо, миллатфурўш ҳам нестанд.
– Пас кистанд?
– Се каси бегуноҳ, се камбағал. Се нафаре ки рўзи равшан мехоҳанд, тани солиму шиками сер мехоҳанд, нафаси озод мехоҳанд. На фақат барои худ, балки ғолибан барои мо, ҷафодидагон...
– Дурўғ! – гуфт бе эътибор Усмон Азиз. – Камбағал бошанд, будагистанд. Лекин онҳо саропо ба гуноҳ ғўтидаанд.
Ин ҳақиқатро ана… мулло Салим ҳам тасдиқ мекунад. Вай аз дину оин бохабар аст, қонунҳои шариатро хуб медонад.
Ба фарқи сиёҳу сафед рафта, бе ҳеҷ ғараз гуфта метавонад, ки кадоме аз мо кофир шудаасту кӣ ҳоло мусулмон.
– Ў худаш як махлуқи беимон, – гуфт Раҷаб-бобо, ба ишораи чашму абрувон мулло Салимро нишон дода.
– Номаъқул кардӣ! – ба овози борики хиросӣ фарёд кашид имоми масҷиди Нилу. – Ту пири мафлуки худобезор куҷову мани се соли дароз ба азобу уқубат дар Бухорои шариф таҳсилкарда кӣ!
– Хайр, шуд, – гуфт Усмон Азиз ба мулло Салим ва ба қамчини дастааш пур аз нақшу нигор як-ду бор соқи мўзаашро кўфта, ба Раҷаб-бобо ва одамони гирду атрофи ў муроҷиат намуд: – Ману шумо ҳамдигарро нағз мешиносем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо