Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аз ту?
– Набошад аз кӣ?
– Хестӣ, ки хобат...
– Ба ҳар ҳол нағзакак фикр кун. Ман ба ту боз каме фурсат медиҳам.
– Сабаби меҳрубонӣ дар чист?
– Сабаб мегўӣ? – дастонаш ба пушт, андешаманд пурсид Усмон Азиз. – Сабаб ин ки ту ба ман аз кўдакиат мақбул будӣ. Мисли фарзандам...
– Дурўғ… Шумо, одамони доро, ҳама ба фиребу найранг рўз мебинед.
– Хайр, бигузор фиреб бошад, найранг бошад. Лекин ман ҳоло ба ту чизи дигар гуфтан мехоҳам.
– Марҳамат, агар бисёр дилтангӣ, гап зан.
– Чанд дақиқа пеш аз даҳонат кафк мепарид, ки ман номардам...
– Чӣ, ба номардиат бовар надорӣ?
– Ин суолат ба ҷавоб гардондан намеарзад.
– Чунки аз сухани ҳақ метарсӣ.
– Шояд... – гуфт Усмон Азиз ба тааммул. – Аммо боз як бор мепурсам, ки ба ман меравӣ ё не?
– Ту, охир, кўдак нестӣ-ку. Парерўз гуфта будам, дирўз ҳам фаҳмондам – не, не, не!
– Аблаҳӣ ту, аблаҳ, – чанд тора мўйлаби сиёҳашро зери дандон гирифта, гуфт ба алам Усмон Азиз. – Бо вуҷуди ин ман аз гуноҳат мегузарам.
– Боз номардӣ мекунӣ?
– Мардиро аз ту диданиам, – писханд зад ў ва даме сукут варзида, идома дод: – Шоир хуб гуфтааст…
– Чӣ гуфтааст?
– Гуфтааст, ки

Гар тоқати ҳақтузориат кам бошад,
Зинҳор зи кас қабули эҳсон накунӣ.

– Ҳамон эҳсон ба худат бошад! – дар нафрат ба пеши пояш туф кард Анвар.
– Аблаҳ... – гашта такрор намуд Усмон Азиз. Пас ба Ғуломҳусайни гўш ба қимор нигариста: – Гир ин ресмонро аз гарданаш, – гуфт ва баъде ки ў фармонашро ба ҷо овард, шаш-ҳафт қадам қафо рафта, ба заҳр илова кард: – Зинда мон, бача; зинда монда, гўр ёбу дар наёб!

пешина
аз 551
навбатӣ