Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Гап зан, – гуфт Юнус.
– Кофир набошед ҳам, кирдоратон кофирона, – сараш андак хам, ҷавоб гардонд Қурбон.
– Кадом кирдорамон?
– Калхоз сохтед. Шумо давлатманд гуфта, ба мардуми бегуноҳ ҷабр кардед. Занҳоро аз доираи шариат берун меандозед. Ба хурду калон аз як дег хўрок доданиед. Мактабҳои ғайридинӣ кушодед. Боз мегўянд, ки масҷидҳоро бастаниед, ҳатто сўхтаниед...
– Рост, калхоз сохтем. Барои он ки мо, камбағалон, ҳама тифоқ шуда, дар замини давлат якҷоя заҳмат кашида, ба ивазаш хушу хурсанд рўз гузарондан мехоҳем. Ғайр аз ин – ман гуфта будам – акнун худамон ҳам замин дорем. Онро ба мо бе ҳеҷ миннат ҳукумати шўро додааст. Агар якта-нимта золими ҳамёнаш ғафс ҷазо дида бошад, сазои сараш! Ба кори мо халал нарасонад буд. Гап дар бораи мактаб бошад, дуруст... дабистонҳои нав кушодем, боз мекушоем. Мақсад – бачаҳоямон хонда, савод бароварда, аз чор тарафи дунё бохабар шаванд. Ба кўр-кўрона азёд кардани як худи Қуръон олам гулистон намешавад. Ана ҳамин тавр, мулло Қурбон.
Дигар гапат ифтиро, афсона... Давлати мо ба дин, ба талаботи хуби вай кор надорад. Аз ин рў касе нагуфтааст, ки масҷидҳоро бандед, ё сўзед... Аз дами гарми як дег тановул кардан ҳам намехоҳем. Занҳо низ бероҳа не, балки дар ҳаққу ҳуқуқ ба мардҳо баробар шуданд. Агар ин ба шумо нафорад, ихтиёратон. Лекин ба мо мефорад, ба мо маъқул, бисёр маъқул... Акнун фаҳмидӣ?
– Аз фаҳмидани ман ба ту ягон фоида мерасад?
– Ба ман не, ба худат...
– Ман насибаамро дидам, – гуфт ба маънии таассуф Қурбон. – Ҳамин қадараш кифоя.
– Ту дар умрат ба ғайр аз хориву зорӣ дигар чӣ дидӣ?
Ҳоло ҳам фурсаташ, ақлатро кор фармо. Агар дар вақташ аз паи хўҷаинат намерафтӣ, имрўз соҳиби замин мешудӣ, ба сарат ягон кулба месохтӣ, эҳтимол зан ҳам мегирифтӣ. Баробари мо ба калхоз даромада, ҳалол заҳмат кашида, одам барин рўз мегузарондӣ.

пешина
аз 551
навбатӣ