МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ягона фарзандаш...
– Заифнолӣ бас, – гуфт Юнус ва рў ба дар гардонда, омехта ба шав-шуви борон боз номи Қурбонро – вай акнун бархоста, яқин оғилро маҳкам кардан мехост – ба забон овард.
– Чӣ мегўй? Ҳоло ҳам гапат тамом нашудааст? – бари доманашро афшонда, дағал ҷавоб гардонд ў.
– Тарсидӣ, а?
– Аз чӣ? – дар ҳайрат гуфт Қурбон.
– Аз тундар… – лабханд кард Юнус.
– Ҳа-а, сабил нохост тўп паронд.
– Хайр, биё, акнун гуфтугўямонро давом диҳем.
– Ту ягон мақсад дорӣ...
– Ман чандон мақсад надорам. Аммо ту сухани ноҳақ гуфтӣ, бародар.
– Чӣ гуфтам?
– Гуфтӣ, ки ба озодӣ расидани шумо, ё соҳиби замин шудани шумо ба худатон...
– Аз таки дилам гуфтам: албатта ба худатон!
– Сода будаӣ ту. Сода набошӣ, аз думи Усмон Азиз гашта, боз ин тариқ ёва намегуфтӣ. Аввалаш, зодгоҳатро тарк намекардӣ. Баъди тарк кардан ҳам... имрўз ба ягон хулосаи солим меомадӣ.
– Ба чӣ хулоса оям? Аз думи Усмон Азиз гаштани ман чӣ бадӣ дорад?
– О ту-ку хўҷаинат барин бадавлат нестӣ. Пас чаро ғами худатро нахўрда, камон бардошта, боз дар хизмат мегардӣ?
– Чунки вай марди мусулмон аст. Ин як. Сониян, ман камон бардошта бошам ҳам, хеҷ гоҳ хун нарехтаам, – гуфт Қурбон ва аз ин дурўғаш ҳамоно шарм дошт.
– Ба одам накуштанат бовар мекунам, – суханашро идома дод Юнус. – Ману ту, охир, чандин сол боз якдигарро мешиносем, ҳамдеҳаем. Ту инсони хубӣ: сидқат соф, дилу ниятат пок. Лекин ман ҳайронам, ки барои чӣ чашми ибрат кушода, ба атрофат дурусттар назар намеандозӣ. Ту ҳоло гуфтӣ, ки Усмон Азиз марди мусулмон. Ҳамин тавр?
– Бале.
– Мо чӣ, кофирем?
Қурбон аз ин суоли ў, ки барояш ногаҳон буд, шояд даступо хўрда, муддате ба сукут рафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо