МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ту парво накун, ошно. Бе ин ҳам рўзам хуб мегузарад, – қаҳролуд гуфт Қурбон. – Ман… ба замини шумо, ба калхози шумо мўҳтоҷ нестам.
– Ягон рўз чаро ба гапи Юнус гўш надодам гуфта. пушаймон мешавӣ. Сад бор хуни ҷигар мехўрӣ, аммо...
– Пушаймон шавам, ман мешавам, – зуд сухани ўро бурид Қурбон. – Ба ту чӣ?!
– Аз гапат маълум, ки ба ҳоли мо дилат намесўзад.
– Дилам сўзад ҳам, ман чӣ кор карда метавонам?
– Эҳа, агар хоҳӣ, чунон мадад мерасонӣ, ки...
– Масалан?
– Мон, ки мо аз ин ҷо баромада равем.
Қурбон пайваста ба шар-шари борон қаҳқаҳ хандид.
– Шумо ҷон ба саломат бареду ман дар бало гирифтор шавам. Ҳамин тавр?
– Ту дар бало гирифтор намешавӣ – ҳазору як баҳона ёфтан мумкин. Ғайр аз ин... худат дуруст фикр кун: мо аслан чӣ гуноҳ дорем?
– Инашро хўҷаин беҳтар медонад.
– Яъне ту ба мо ёрӣ намедиҳӣ?
– Не! – гуфт Қурбон қатъӣ. – Биё, дар ин бора дигар гап назанем.
– Мани сода гумон доштам, ки ту инсонӣ, башафқатӣ.
Вазъияти моро хуб нафаҳмӣ ҳам, аз ноинсофиҳо дилат ба шўр меояд. Лекин ту воқиан ҳам ғулом будаӣ, ғуломи ҳалқабаргўшу тамғадарпой...
– Агар ин гапатро ба он пешоварӣ мегуфтӣ, забонатро аз пушти гарданат мекашид. Бахтат, ки ман нилуӣ.
– Рўи ту барин нилуиро ҳатто дар рўзи қиёмат набинам!
– Ман ҳам аз ҳафт маҳалли ту безор, – гуфт ба тамасхур Қурбон ва як қадам қафо рафтаву каме хомўш истода, илова намуд: – Нағзаш, камтар хоб кун. Худо медонад, ки пагоҳ зинда мемонӣ ё не...
– Мурдаи мард аз зинда гаштани ту барин лўхтак ҳазор маротиба беҳтар, – гуфт Юнус. – Афсўс, ки дил ба пўст дода, ман ба ту гап задам.
– Хайр, шуд, давомашро саҳар дар ҳузури хўҷаин мегўӣ, – даст афшонд Қурбон ва тахтаи дарро сахт баста, ба пушташ боз танба гузошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо