МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Бачаи бодбасар бешак тайёр буд, ки ўро филҳол нобуд созад... Не-е, дар ҷамъи ин бесомониҳо Анвар низ гунаҳкор аст.
Пас чаро Усмон Азиз ба вай раҳм кунад?
Барои чӣ?
Кадом хизматашро ба назар гирифта?..
«Зани меҳнатӣ буд модараш. Ороста мегўяд, ки ў ҳоло дар водӣ, дар кулбаи Анвар зиндагӣ дорад. Албатта пир шудагист. Эҳ, Анвар, бачаи беақл... Падарат ҳам одами ба ҳақки худ розӣ буд, дилсафед буд. Касеро озор намедод.
Вале... гузарон аст дунё. Ту ҳанўз ҷавонӣ. Аз куҷо медонӣ, ки инсон кисту қадри ҳаёт чист... Намедонӣ! Бинобар ин дар тасмаат тапонча овехта, савори аспи маст, дар қасди ҷони ман барин одамони тирабахт мегардӣ. Пагоҳатро фикр намекунӣ. Хомӣ ту ҳоло, хом! Захмҳои нештари зиндагӣ дар пешанд. Имрўз чӣ? Тоз, без, куш гўянд, куш; сўз гўянд, сўз; соз гўянд, соз... Эҳ, Анвар, бачаи сода! Намедонӣ, ки дар ин дунёи садранг мукофоти амал ном чизе низ ҳаст. Ва як рўз не, як рўз ту ҳам ба вай рўбарў мешавӣ».
Ороста омад.
– Чой дам кунам?
– Лозим не, дилам намекашад, – гуфт Усмон Азиз.
– Барои бегоҳ чӣ пазам?
– Ҳеҷ чиз, хоҳарам. Дидорат бошад, бас аст.
– Кошкӣ ман ҳам аз дидори шумо сер мешудам, – боз дар чашмонаш ашк ҳалқа баста, гуфт Ороста ва қафо гашта, ба ошхона рафт.
Усмон Азиз чанд дақиқаи дигар дар банди хаёлҳои ногувор нишаста, ниҳоят:
– Қурбон! – гуфт.
– Лаббай...
– Дари оғилро ба навбат посбонӣ кунед.
– Албатта.
– Ба фикрам... дасту пояшошро бастан шарт набуд.
– Барои чӣ?
– Чунки агар хоҳанд, мекушоянд; ба дандон мекушоянд.
Инаш ваяшро, ваяш инашро...
– Рафта бинам? Ҳамин хел карда бошанд, аз сари нав мебандем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё