Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кўргиреҳ мезанем.
– Лозим не. Баръакс... кушоед. – Дар лабони базеби Усмон Азиз дардханди базўр аён пайдо шуд. – Монед, то саҳар дасту пояшон ором гирад.
– Хуб...
– Ба Анвар азоб будагист?
– Ҳа-а, маҷрўҳ вай...
– Кушоеду лекин ҳушёр бошед. Мабодо ягон ҳунар бароварда, осон гурезанд.
– Иншооллоҳ, наметавонанд, – гуфт Қурбон ва даст ба рўи сина гузошта, зуд бархост.
Ғуломҳусайн ҳам аз паи ў рафт.
Усмон Азиз тахмин баъди ним соат, ки дар ин муддат ба мулло Салим аз ину он берағбат гап зада менишаст:
– Акнун ба қабристон рафта меоем, – гуфт. – Ба зиёрати хоки падару модарам...
– Ба чашм, тақсир, – тасбеҳи дарози донаҳояш сиёҳро, ки то ҳол гоҳ-гоҳ дар байни ангуштон мегардонд, ба кисаи ҷелакаш андохта, вай сабук ба по шуд. – То қабристон ду қадам...
Меравем, ба арвоҳи он азизон фотиҳа мехонем. Хўш ки бошад... иқдоми нек мекунед, тақсирам. Одамони биҳиштӣ буданд волидайни шумо.
Усмон Азиз ба ин сухани мулло Салим чизе нагуфта, оҳиста аз ҷой хест. Аммо дар паси болин шамшерашро дида, хам шуд ва онро гирифта, дар таки кўрпача монд.
– Бахайр, ака? – аз дари ошхона намоён гардида, парешон пурсид Ороста.
– Ҳеҷ ташвиш не, хоҳарам, баръакс... ту осуда бош. Мо зуд меоем, – гуфт ў ва ҳамроҳи мулло Салим ба ҷониби ғуломгардиш солор қадам ниҳод.
Онҳо акнун ба ҳавлии берун дохил шуда, дуртар аз оғил...
аз пеши Қурбону Ғуломҳусайн мегузаштанд, ки аз дарвозаи калони дутабақа, дар сари даст кўдаки ширхора, хоҳари Анвар даромад.
Усмон Азиз ўро дарҳол шинохта, беихтиёр истод. Зани хушсурат буд Сабоҳат; мисли додараш болобаланд буд. Чеҳраи афрўхтаву қомати химча дошт...
Вай ҳам истод ва дар чашмони олувор сиёҳаш як қатъияти ғазаболуд, фурсате рост ба рўи Усмон Азиз нигарист.

пешина
аз 551
навбатӣ