Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Як фотиҳа хонед, имом. Дастархонро ғундоранд...
– Илоҳӣ тақсирам ба муроду мақсадашон расида, ғозии барҳақ шаванд. Шамшерашон бурро гардида, ба тухми куффор ва кулли онҳое ки аз фармудаи дини поки муҳаммадӣ сар тофтаанд, қирон орад. Худашон ҳаргиз камиву костӣ набинанд. Омин, оллоҳу акбар! – гуфт вай ба овози борики каме хиросӣ ва мағрур даст ба рўй кашид.
Аз ин такаллуми мулло Салим ғашаш омадаву заҳрханд карда, Усмон Азиз баробари дигарон ба ў пайравӣ намуд ва даме хомўш нишаста, боз ба андеша рафт. Боз дар пеши назари вай сурати ба дилу дида қарини падару модараш, додари меҳрубонаш ва зану фарзандонаш пайдо шуданд. Ҳамчунин хаёли ў беихтиёр ба Анвар низ пайваста, қалбашро чизе мехарошид. Ба вай гўё раҳмаш меомад. Бале, яқин шафқат мекард... Чӣ тавр раҳм накунад? Усмон Азиз ба ҳар ҳол Анварро аз кўдакӣ мешинохт. Гоҳ-гоҳ ҷуссаи хурд ва сабуки ўро сари китф мегирифт, бозӣ медоронд. Баъдҳо, вақте ки Анвар калонтар шуд, онҳо якҷоя ба кўҳу дашт рафта, хушу хурсанд асп метохтанд, аз паи рамаҳо мегаштанд; баъзан ташвиши боғу ҳавлиро низ баҳам медиданд.
Пас чаро ба вай шафқат накунад?
Инак дастархонро ғундошта буданд. Ороста чанд косатабақро бардошта:
– Аз ошхона хабар гирам, – гуфт ба сўи бародараш.
– Ҳа-ҳа, албатта, – ба худ омад Усмон Азиз.
Ҳомид ҳам бархост.
– Шумо зиқ нашуда шинед, тақсир. Ман рафта молу ҳоламро бинам.
– Ихтиёр...
– Бегоҳ боз меоям.
– Марҳамат.
Усмон Азиз баъди кўча баромадани Ҳомид фикр кард, ки лекин оё ў, Анвар, ба тараҳҳум меарзад. Язнаи вай магар ба ташаббуси ҳамин бача бадарға нашудааст? Магар ў ба ин тариқ... зери по ва касиф гардидани хонаву дари Усмон Азиз гуноҳ надорад? Оё барои дар Нилу калхоз сохта, зану мардро аз роҳ задан ҳам вай пешдаст набудааст? Ё магар дирўз дар он авули партав қариб девона шуда, ба тарафи Усмон Азиз паёпай тир намекушод?

пешина
аз 551
навбатӣ