Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Яке ба даст шамшер гирифта, дар ниҳояти кор муфт ҳалок гардид. Дуи дигар ба умеде ки он тўфони ногаҳон ҳатман мегузарад, шабу рўз фурсат мепоиданд.
Баъд падари Усмон Азиз вафот кард. Модараш ҳам...
Ва ў дар миёни аҳли оила танҳо монд. Боз фурсат поид, интизор шуд; ҷои нишаст наёфта, хуни ҷигар хўрд; гаштаву баргашта ба андеша рафт. Вале ҳамааш барабас буд. Дарахти инқилоб рўз то рўз амиқтар реша медавонд. Ҷулғундипўшони дина ба ними нон зор як-як соҳиби мулк, соҳиби ҳаққу ҳуқуқ мешуданд.
Усмон Азиз чӣ?
Вай ба ин муросо карда натавонист. Ниҳоят рў ба гурез овард. Гумон мебурд дар хоки бегона дили афсурдааш қарор мегирад, бахташ дубора механдад, осоишу салоҳ меёбад.
Ҳамин тавр, ў дидаву дониста, худро ба гирдоби азоби ҷонфарсо, ёди ҷигарсўзи ватан ва бенасибиву номуродиҳо зад, ки сазои сараш!
«Одамизод, алҳақ, махлуқи надоматпеша; аз аксар қадамаш пушаймон мешавад. Вагарна чӣ лозим буд якбора ба хоки ғурбат рафтан? Чӣ натиҷа дод ба ман ин беақлӣ? Куҷоям зиёд шуд? Беҳтар набуд, ки дар ҳамин Нилу, бад ё нағз, қатори ҳамдеҳагон рўз гузаронам, ба ғаму шодии онҳо шарик бошам? Не-е, бори ғурур намонд, нахостам, рафтам... – Вай аз сиёҳмушкини худ, ки сабук ёл меафшонд, чашм наканда, як оҳ кашид. – Ба рафтан-ку рафтам, лекин чаро хомхаёлӣ карда, бозпас омадам? Чӣ лозим буд ин зайл оворагӣ?..
Дуруст аст, ки аз кушандаи додарам қасос гирифтам, қарз дар қиёмат намонд. Тақдири муаллимбача ҳам дар дастам.
Қисмати Анвару Юнус ҳам... Барои он ки хонаву дарамро таки по кардаанд, язнаам бадарға шудааст, дар заминҳоям хотирҷамъ ғалла мекоранд... Ниҳоят барои ранҷу озори худам, барои ҳоли низори хоҳарам... метавонам ҳар сеи онҳоро низ ба асфалуссофилин фиристам. Аммо баъд чӣ? Баъд оё ин дили бечораи ман таскин меёбад?»
Усмон Азиз гашта оҳ кашид ва ҷуссаашро аз болин бардошта, ба мулло Салим нигарист.

пешина
аз 551
навбатӣ