Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд, ҳангоме ки Анвар:
– Раҳмат, очаҷон, ҳазор раҳмат, – гуфта, ба сари дастархон нишаст, нону пиёба оварда, ба насиҳат гузашт.
– Кай ақлат медарояд, писарам? Сад бор мегўям, ки худатро ба обу оташ назан, аз мардуми ҷоҳил эҳтиёт бош. Мон, ки ба ҳамон калхоз намешавем гуфта, мушт мебардоштагиҳо дигарон гуфтугў кунанд. Дар ин музофот ғайр аз ту ҳам калонтар будагист, охир! Ба ҷандалаи як худи ту олам даррав гулистон намешавад. Ба бисту се даромадӣ; кас дар ин синну сол аз чор тарафи дунё хабар ёфта, қадамашро дониста мемонад... Эҳ, писарам, писаракам!
Ба ин гапи вай Анвар хандида:
– Ғам нахўред, оча, – гуфт. – Ба ман қасди бад рўй намедиҳад – мо акнун бисёрем. Ба обу оташ ҳам тани танҳо худамро назадаам. Ҳоло дар ҳар як деҳа ғайр аз се-чор муттаҳам дигар ҳама мехоҳанд, ки озодӣ бошад, баробариву бародарӣ бошад, мулк обод гардад, халқ савод барорад... Ҳамин хел, очаҷон. Ҳукумати шўро чист, одамон имрўз нағз мефаҳманд; ба қудрати вай, ба адолатпарварии вай эътимод доранд. Ду-се сол пас мебинед, ки калхозҳо калон шуда, қувват мегиранд. Ва ҳар кас аз рўи заҳмати худ нон мехўрад, ба молу мулки ҳамсоя чашм ала намекунад. Камбағалӣ нест мешавад, тамоман нест мешавад!
– Кошкӣ, писарам... Лекин гумонам, ки ҳамон вақт ҳам нодор ба нодорӣ мемонаду доро – ба дороӣ.
– Не, оча, ҳаргиз ин тавр намешавад. Ҳукуматамон хеле корҳои шоиста кард. Занҳоро ба озодӣ баровард, қатор-қатор мактаб кушод, магазин кушод; ба безамин замин дод, ба ташна об дод; ҳама баробар шуданд. Ҳоло ҳеҷ кас ҳад надорад, ки ман бой, вай камбағал гуфта, мисли пештара забардастӣ кунад. То ба ин дараҷа расидан… эҳа-а, чӣ қадар хунрезиҳо шуданд, чӣ қадар қурбониҳо додем! Барои озодӣ, барои амонӣ; барои он ки мардум инсонвор зиндагӣ кунанд – хонанд, ба рўи олам чашми ибрат кушода, ба фарқи баду нек расанд. Ниҳоят, серу пур бошанд... Дар як мудати кўтоҳ ҳамин қадар корҳои хуб кард ҳукуматамон. Дар оянда ҳам мекунад, аз ин даҳ карат, сад карат зиёдтар мекунад.

пешина
аз 551
навбатӣ