Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Гапат росту... – ба сухан омад Соро-хола ва дар муқобили фикри писараш боз чӣ гуфтанро надониста, даме хомўш монд. Сипас дастархонро ғундоштаву як оҳ кашида, илтиҷоомез таъкид намуд: – Ба ҳар ҳол аз худат эҳтиёт шуда гард, писарам. Мебинам, ки корат вазнин, ниятат пок. Аммо ин гирудори шумо ба ҳама маъқул не. Дониста мон – одами бадавлат пулу молашро ба осонӣ намедиҳад; лозим ояд, ба дандонаш ҷанг мекунад.
– Мо ҳам ба даҳони воз намеистем.
Соро-хола ба рўи Анвар каме назар дўхта, дар алам сар ҷунбонд.
– Ту дар зиндагӣ азоб мекашӣ, писарам. Тамоми умр азоб мекашӣ.
– Барои чӣ?
– Барои он ки дилат нарм аст. Барои он ки бетоқатӣ; мехоҳӣ ба як дав то манзил расӣ. Ҳеҷ гоҳ ин хел нашудааст, писарам – роҳи одамизод пастӣ дорад, баландӣ дорад, баъзан камтар истода, дам гирифтан лозим. Агар не, нафасгардон мешавад кас, бемор мешавад. Ту ба ин эътибор намедиҳӣ, худам медонаму тохти аспам мегўӣ. Феълу хўят ба кӣ рафтааст, ҳеҷ намефаҳмам. Падарат-ку, раҳматӣ, одами баандеша буд.
– Ман чӣ? – хандид Анвар.
– Сабукбор ту, хом ту!
– Эҳтимол... Лекин, оча, шумо бояд донед, ки ҳукумати мо ҳукумати коргару деҳқон аст. Ба хуни мардуми ҷонфидо барқарор шудааст ин ҳукумат. Вай акнун қомат рост карда, рўз то рўз мустаҳкам мегардад...
– Бисёр нағз! – гуфт Соро-хола, сухани ўро бурида. – Маълум, ки бе ту ҳам кораш ривоҷ меёфтааст.
– Ба нағзӣ бе шак нағз, – лаҳзае ба хаёл рафт Анвар. – Аммо душманони мо ҳанўз кам нестанд.
– Кам ё мўл, ба ту чӣ дахл дорад?
– Дахл дорад, бештар ба ман дахл дорад. Чунки ман дар ин атроф раҳбари ҷавонон ҳастам. Ҳимоятгари ҳукумати шўро кӣ – пеш аз ҳама ҷавонон! Мо агар беҳбуди худамонро авло даниста, ба равиши об нигоҳ карда истем, оқибати кор чӣ мешавад?

пешина
аз 551
навбатӣ