МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Амина-апа чой оварда, ба Анвар табассум мекунад. Ва Анвар, аз табассуми беғаши ў шармаш андак шикаста, палторо дар кунҷи хона ба пуштаки курсӣ мемонаду омада, аз рўбарўи муаллим оҳиста дар канори миз менишинад. Чиллаи зимистон – дар берун барф меборад, боди сард он зарраҳои сафедро тунд печутоб медиҳад. Хонаи муаллим гарму бароҳат аст; чой ҳам гарм, ширин...
– Хайр, оча, ман рафтам, – гуфт Анвар, палторо чаққон ба тан кашида.
Сурати муаллим дар пардаи хаёл монд, баъд ғайб зад.
Соро-хола, гўё як қад парида бошад, тохта аз ҷой хест ва ҷомаи Анварро ба китфони чун сари сўҳон борикаш партофта, аз қафои писар ба рўи ҳавлӣ баромад.
Вақте ки Анвар дар торикӣ ба аспаш зину лаҷом зада, онро аз таки собот берун меовард, Соро-хола ба дарду оҳанги илтиҷо:
– Худатро эҳтиёт кун, писарам, – гуфт.
– Парешон нашавед, оча, хона дароед. Ба ягон ҷои дур рафтан лозим набошад, ман зуд бармегардам, – гуфт дар ҷавоб Анвар ва ҷиранро аз дарвоза бароварда, худро сабук болои зин гирифт.
Пас аз дақиқае Соро-хола, дар гўшаш шир-шири пасти борону садои суми асп, ки торафт дур мешуд, занҷири дарвозаро баст ва:
– Худоё, яккаву ягона писаракамро дар паноҳат нигаҳ дор! – гўён тани лоғарашро кашола карда, ба хона даромад.
Оташи манқал хомўш шуда бошад ҳам, хона ҳанўз гарм буд. Чароғи карасин хира сўхта, атрофро базўр равшан мекард.
«Пагоҳ пилтаашро буридан даркор», – аз дил гузаронд Соро-хола ва муддате дар дами дар беҳаракат истода, ҳушу ёдаш боз ба Анвар пайваст. Дар як дарди ҷигарсўз вай ба хотир овард, ки писараш соли гузашта ба кадом деҳаи миёни кўҳҳо калхозсозӣ рафта, баъди чанд рўз чӣ тавр ба сару рўи афгору дасти шикаста баргашт.
Он бегоҳ Соро-хола аҳволи ўро дида, хуб гирист. Сипас «чӣ лозим буд ба ту ҳамин ташвиш? Падару бобоҳоят барин ризқатро аз замин чинда хўрӣ, ягон ҷоят кам мешавад?!» – гўён лату захмашро ба оби гарм шуста, дору-дармон кард; дасти аз ду тараф тахтача монда бастаашро ба меҳр молид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё