Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сарбозонаш даста-даста қурбон шуданд. Баъзе калонтарҳо фурсатро ғанимат дониста, ихтиёрӣ ба тарафи ҳукумати шўро гузаштанд. Аз ҳисоби қўрбошиҳо низ чанд нафар… бешубҳа оқибати кори худро ҳис карда, нахустин рўзҳои ҳуҷум зуд таслим гардиданд. Ҳамин тавр пароканда шуд лашкари ислом, шарманда шуд...
Иброҳимбек он қадар афтодарўҳ аст, ки дигар ба ҳеҷ кас бовар намекунад. Ғайр аз дастархони худаш дигар ба ҳеҷ дастархон даст намебарад. Метарсад саги дайду; метарсад, ки мабодо ба вай заҳри қотил диҳанд. Дар тасаввураш – ҳама ба ў душман, ҳама дар қасди ҷони ў мегарданд. Бинобар ин фақат аз дасти ошпази озмудаи худ таом мехўрад. Дар хаймааш аксар якка менишинад. Хобашро ҳар шаб танҳо ду нафар ҷавонмарди мусаллаҳ, ки ба вай хешигарӣ доранд, банавбат посбонӣ мекунанд. Рафту касеро таъҷилӣ ба наздаш талабад, ё шахсе ўро ба зарурат дидан хоҳад, вай бояд дар пеши ҷанобашон ҳатман бесилоҳ ҳозир шавад. Вагарна якду нафар аз пайравони вафодори Иброҳимбек, ки ҳамагӣ даҳдувоздаҳ каллабури гузароанд, он шахсро дар дами дар нигоҳ дошта, силоҳашро ба таҳдид кашида мегиранд ва мағз-мағзи сарулибоси ўро хуб кофтуков карда, пас тамасхуромез ба хайма раҳ медиҳанд.
«Ба лафзи ҳалол бовар надоранд. Бесилоҳ бошӣ ҳам, аввал дастони ҳаромашонро ба таки кашу камарат андохта, ба сад иллату миннат пурсуҷў мекунанд: кистӣ ту, ба ҷанобашон чӣ кор дорӣ?..» – аз дил гузаронд Усмон Азиз, ки охирин мулоқоташро ба Иброҳимбек иборат аз як эҳсоси нохуши кароҳат дар хотир меовард.
Панҷ рўз қабл аз ин ба вай хабар расонданд: бегоҳ дар назди бек ҳозир шавад, таъхир накунад...
Усмон Азиз, ки пас аз ҷангҳои шадид дар деҳи Сунбула нисф зиёди дастаашро талаф дода, дар қатори ду-се қўрбошии низ сахт шаттахўрда ба чӣ азобҳо гурезон то кўҳи Боботоғ омада буд, он рўз ба ҳафт нафар одами худ дар нишебии як дараи санглох хайма зада, ба номаш... истироҳат мекард.
Вай ба рўи қосид дуруст назар ҳам наандохта, дар ҳолати хунсардии ошкоро гуфт:
– Хуб, меравам.

пешина
аз 551
навбатӣ