МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Аммо метарсид – эҳтимол аз ўҳдааш набарояд; пояш афгор... Ин аст, ки дигар давида наметавонад вай. Чун саги шикорӣ хазида-хазида, аз он ҷонварҳо ягонтаашро дуздидан ҳам душвор. Ҷои кушод – зуд ба чашми бачаҳо меафтад. Ва онҳо бе гумон ҳаёҳу бардошта, ўро дар як дам тўъмаи сагони деҳа мегардонанд.
Модагург аз баландӣ ба ҷониби тал ва бузу гўсфандони бепарво хеле назар дўхта истоду оби даҳонаш шорида, чашмони ҳарисашро сахт пўшид. Ва бедиранг аз мағз-мағзи дунёи дарунаш фарёде бархоста, дар танги гулўяш гиреҳ баст. Чӣ илоҷ, пешомад ҳамин будааст. Тоб овардан лозим, ба тақдир тан додан лозим...
Сипас вай чашм кушода, оби даҳонашро ба алам фурў бурд ва лангон-лангон қафо гашта, фурсате раҳ паймуду дарди ҷонхароши захм ва беҳолии худро аз нав ҳис карда, дар таки як буттаи калон дароз кашид.
Аз ронаш ҳамчунон хун мезаҳид.
Рўи сабза барутубат буд.
Ҳаво бештар вайрон шуда, ба равшании гирду атроф тазйиқ меовард.
Бўи борон дақиқа ба дақиқа меафзуд.
Модагург ҷароҳаташро боз каме лесида, сар ба паҳлуяш гузошт, ки даме ғанаб кунад...
Аммо вай фавран ба по хест; аз гулдуроси ногаҳони тундар бедор шуда, дар қайди тарсу ларз ба по хест. Ва худи ҳамон лаҳза барқ ҷаҳида, дар пеши чашмонаш каб-кабуд оташак зад. Боз раъд ғурид ва тасар-тусур борон омад. Модагург, ки дар ваҳму ҳарос монда, қадре мекалавид, пои нотавонашро кашола карда, сардаргум роҳи гурезро пеш гирифт. Вале ҳар қадар дур равад, раъд ҳамон қадар баландтар меғурид; барқ беш аз пеш воҳиманок меҷаҳид, борон шиддат меёфт. Ва албатта... аз ин балои табиат ҷои халосӣ набуд. Лекин ҳар чӣ бошад, модагург тамоми рагу паяшро як карда ва ба кулли мавҷудоти олам лаънатҳо фиристода, дардашро ба азоб фурў мебурду то ҷон дар бадан дошт, лангидаву зор-зор гириста, баумед медавид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё