Хуросон аст ин ҷо

боз ҳам ба халқи худ, ба мову шумо андарз медиҳад, ки соҳиби худ бошем ва гўӣ ин байти соддаи дили маро мегўяд:
То наӣ соҳиби забони хеш,
1 Нашавӣ соҳиби ҷаҳони хеш!
Марде, ки ҳамеша офтобро далели офтоб медонад ва такрор ба такрор моро ба сарманзили нурогини бозгашти ба хеш мехонад, оби рафтаро мехоҳад ба ҷўй боз орад ва мехоҳад мукарраран таъкид кунад, ки агар аз асп афтодаем, аз асл наяфтем…
Устод Шакурӣ дар муҳити фарҳангхези Бухорои шариф, (Мавлавӣ чунин таърифаш кардааст: «Ин Бухоро манбаи дониш бувад») дар хонадони марди шоир, тазкиранавис, китобдор, хушнавис, маъракаоро, маърифатдўст Шарифҷон - махдуми Садри Зиё чашм ба дунё кушудааст. Метавон гуфт, ки ў бо китоб тавъам зода шудааст. Зеро падараш китобхонаи бузурге дошт, ки аз қиблагоҳаш Қозӣ Абдушшакури Оят мерос монда буд, Садри Зиё ба тадриҷ ба китобҳои ин китобхона китобҳои тозае меафзуд: китобҳои нодир, нусхаҳои мунҳасир ба фард, китобҳои наздик ба замони зиндагии мусаннифон, дастнависҳои ба хати худи муаллифон нигошта, масалан «Маҷмуаи муросилот»-и Ҷомӣ бо Навоӣ ва
1 Байти чопнашудаи камина аст.
Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки бо хати Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ иншо шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё