Хуросон аст ин ҷо

Ё нусхаи «Хамса»-и Хусрави Деҳлавӣ, ки вақте падараш дар Чорҷў қозӣ будааст, зане китоб ба фурўш меорад, қозӣ он китобро мехарад, он зан аз қозӣ суол мекунад, ки боз китоб биёрам, мехаред? Қозӣ бале мегўяд. Зан ду тифли сари дасташро назди қозӣ мегузорад ва барои китоб меравад, аммо барнамегардад… Ин саҳна достони сахт пурдардест, ки шояд ягон вақт устод Шакурӣ даст ёбад ва онро ба пуррагӣ бинависад.
Чун Қозӣ Садри Зиё ба «Хамса»-и Хусрави Деҳлавӣ мурур мекунад, мебинад, ки ду достони он бо хати Ҳофизи лисонулғайб нусхабардорӣ шудааст. Чи бозёфти бузург ва нодире!
Боре имрўз он китобҳо куҷоянд? Чи ҳолу рўзе доранд? Устод Шакурӣ нақл мекунад, ки дар китобхонаи қиблагоҳаш бештар аз сесад муҷаллад китоб буд, ки дар ҳар муҷаллад чандин рисолаву тазкираву баёзу ҷунгҳои кучак ту ба ту ҷузвбандӣ ва муқовабандӣ шуда буданд. Соли 1932 омаданду... китобҳову яхдонҳои китобҳоро аз мадону қафасаҳо ба аробаву фойтунҳо бор карданд, аз болои фойтуну аробаҳо китобҳо поин мерехтанд, ҳар кӣ дасташ мерасид, мерабуд. Устод Шакурӣ, он вақт кўдаки шашсола, ин саҳнаи ба тороҷ рафтани сарвати маънавии падарашро, балки ноёбтарин ганҷинаи маънавию рўҳонии миллаташро мебинад ва ҳайрону зор мемонад. Имрўз он китобҳое, ки то Тошканд ҷон ба саломат бурдаанд, дар китобхонаи пажўҳишгоҳи ховаршиносии ба номи Берунӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва (чашми бад дур!) ҳар кадом мўҳри шахсии Садри Зиёро доранд...
Дар авони шашсолагии Муҳаммадҷон падарашро бо азобу машаққатҳои гўшнашунидаву чашмнадида мекушанд, модарашро ҳам ба зиндон меафкананд, баъди як сол мемирад.
Барои ў холуяш (тағояш) Ҳабибуллоҳ махдуми Авҳадиро (набераи Абулфазли Сирати Балхӣ, ки аз наздикони Аҳмади

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё