Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба фикри банда ояндаи мо мардуми тоҷик вобаста ба ин хоҳад буд, ки ба роҳи худҷўиву худрасии таърихии маънавӣ медароам ё не. Эҳёи миллӣ аз амиқрафти худогоҳии таърихӣ, аз пургунҷоишии ёди маънавӣ ва фарҳангиву мазҳабӣ, ки ҳадафҷўӣ ва дунёшиносии хоссаро қувват хоҳад дод, оғоз меёбад.
Албатта бозгашти маҳз, бозгашти зоҳирӣ ба гузашта, ба дирўзу парирўз имкон ва зарурате надорад, вале ба асли худ расидан, ба муҳимтарин сифатҳои аслии худ боз соҳиб шудан зарур аст. Бархе аз маънавиёти асрҳои қадимро айнан зинда кардан дигар даркор нест, зеро моро ба ақиб хоҳад кашид, лекин монанди пештара ба маънавияти баланд расидан зарур аст. Маънавияти нави имрўз бояд решапайванди рушди маънавии наслҳои собиқ бошад. Он тафаккури китобӣ, ки дар тўли асрҳо ташаккул ёфта буд, бидуни шак ҳоло бебозгашт аз миён рафтааст, вале зарур аст, ки боз тафаккури китобӣ дошта бошем, ки нав бошад, шаклу тарзҳои ифодаи он аз тафаккури пешин фарқ кунад ҳам, моҳиятан идомаи он бошад, мазмуни тозаи замонӣ гирифта, ҳикмати асрҳоро, ки дар китоб гирд омадааст, яъне ёди фарҳангиро бо дастовардҳои имрўзии аҳли башар созгор оварда, барои тарбияи насли наврас ба хидмат андозад. Он ноҳияҳои сарзамини тоҷикон, ки ба сабабҳои таърихӣ аз файзи тафаккури китобӣ бебаҳра ё камбаҳра монда буданд, бояд ба ҳавзаи он кашида шаванд.
Тафаккури китобӣ имкон дорад, ки савияи баланди маънавият, аз ҷумла савияи баланди шуури иҷтимоъӣ ва шуури диниро таъмин намояд, монеъи таассуби идеологӣ ва таассуби диниву мазҳабӣ бошад. Маънавият ва огоҳии ҳақиқӣ монеъи хурофот аст ва ин мамониат барои ҷомеаи мо, ки аз анвоъи таассубгароӣ, аз ҷумла аз таассуби атеистӣ ва динӣ бисёр осеб дид, хеле муҳим аст.
Пайванди наслҳо, пайвастагии фарҳангию забонӣ, меросбарии маънавӣ аз муҳимтарин нишонаҳои шахсияти мутараққӣ ва ҷомеаи солим аст. Ҳар чи имрўз маънавияти шахс ва миллатро бо ҷомеаи анъании асрҳои гузашта пайвастааст, бештар имкон дорад, ки ҳувияти фарҳангии шахсу миллат ва симои фардоинаи ўро муайян созад.

пешина
аз 351
навбатӣ