Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар илм ба русӣ асар навиштан осонтар аз он аст, ки ба тоҷикӣ бинависем. Шароити иҷтимоъиву сиёсӣ моро ба ҳамин ҳол овард, ки ба русӣ ҳама кор осон, ба тоҷикӣ ҳама кор душвор, балки номумкин аст.
Тарзи тафаккур, забон ва фарҳанг аз аврупозадагӣ сахт осеб дидааст ва бунёди маънавӣ аз даст медиҳад.
Саводи ҷомеа паст аст. Равшанфикроне, ки дар пеши мардум чун шахсони бафарҳанги баландмаданият суханронӣ кардан тавонанд, бисёр кам, ангуштшумор ҳастанд. Намояндаи халқ дар порлумон гап занад, аъзои ҳукумат дар маҷлисе ё аз телевизиону радио сухан ронад, тоҷире аз кори худ ҳикоят кунад, ҳатто адибон пеши микрофон оянд, мебинем, ки сухан шикаста мегўянд, гапашон аксаран ба қолаби вайрон рехта мешавад ё қолабҳо русиянд. Бисёр ғалат гап мезанем, ғалат менивисем. Гуё Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аз забони мо гуфтаанд:

Нусхаи ошуфтаи девони умри мо мапурс,
Хат ғалат, иншо ғалат, имло ғалат, маъно ғалат.

Дар аксари мавридҳо сухани мо дигар маҳсули тафаккуре, ки аз фарҳанги воло ва маънавияти баланд ба бор омада бошад, нест.
Гуфтем, ки забони форсии тоҷикиро аз дастгоҳи ҳизби коммунистӣ, аз Шўрои Олӣ ва Шўрои вазирони ҷумҳурӣ, аз вазорату идорахонаҳо, аз ҳаёти иҷтимоъӣ берун ронда буданд.
Забони миллӣ дар ҳаёти иҷтимоъӣ дигар лозим нашуд. Ва ҳол он ки он чи лозим нест, нигаҳдорӣ нахоҳад шуд ва маҳкум ба нобудист.
Ин аст, ки забони форсии тоҷикӣ рў ба инқирози куллӣ овард. Ин гап чунин маънӣ дорад, ки миллати тоҷик ба инқирози куллӣ дучор омадааст. Безабонӣ, бемаънавиятӣ аломати марг аст. Фарзан нишонаи марги ҷисмонӣ набошад ҳам, аз марги маънавӣ дарак медиҳад.

пешина
аз 351
навбатӣ