Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Умуман агар аз тарбияи кўдак, аз одобомўзӣ дар хонаҳо ҷо-ҷо ҳанўз асаре боқист, дар пеши пастмаънавиятии ҳамагонии ҷомеа оҷиз аст ва таъсир надорад. Ин аст, ки замон мардумро аз ҷомеаи анъании суннатӣ берун ва аз тафаккури китобӣ маҳрум, сохт, вале ба арзишҳои тозаи маънавӣ нарасонид. Ҷомеа аз шуури китобӣ ба сўи шуури фолклорӣ поин рафтан гирифт. Чун идеологияи шўравӣ ба моддиёт ва арзишҳои табақотӣ (синфӣ)-и маҳдуд асос ёфта, арзишҳои волои башариро инкор мекард, бунёди маънавии ҷомеа хароб шуд. Чун асоси ҳастии инсон на моддиёт, балки маънавиёт аст, бояд бигўем, ки инсон дар ҷомеаи шўравӣ аз асоси ҳастии худ маҳрум гардидан дошт.
Имрўз бемаънавиятӣ ҷомеаро аз дарун мехурад. Шахсияти инсон хароб мешавад, одамизод кам-кам аз симои инсонӣ маҳрум мегардад, бетарбиятию беодобӣ асоси муомилаи байни мардум қарор меёбад, беандешагию бефарҳангӣ дар ҳар қадам ба дид меояд. Чун сатҳи маънавият паст шуд ва тафаккур иқтидор аз даст дод, забон гирифтори аҷзу нотавонӣ хоҳад омад.
Чунонки гуфта омад, дар гузашта инкишофи забон поя бар маънавияти олӣ дошт ва забондонии мардум забондонии маънавибунёд буд. Форсии дарии Мовароуннаҳр, ки дар тўли асрҳо асолату табиъияти худро аз даст надодааст, ҳамеша дар пеши соҳибназарони дигар минтақаҳои қаламрави забони форсӣ намунаи ибрат буд. Фасоҳати форсии дарӣ дар форсии тоҷикӣ имрўз низ нигаҳдорӣ шудааст. Форсии тоҷикии айёми мо фазилатҳое дорад, чунин вожаҳо, чунин таъбироти зебову мўҷази асилро маҳфуз доштааст, ки барои баёни ҳар матлабе имконоти нодир фароҳам меорад. Ҳусни форсии тоҷикиро аз осори Садриддин Айнӣ метавон дид. Аҳмад Алии Раҷоӣ дар китоби «Лаҳҷаи бухороӣ» (1964) дар бораи форсии тоҷикӣ гуфта буд, ки «порае ихтисосот… ин лаҳҷаро аз забони форсии имрўзӣ мумтоз месозад».

пешина
аз 351
навбатӣ