Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баланд рафтани сатҳи маънавияту фарҳанг ва густариши он дар ҷамъият танҳо бо рушди ҳамаҷонибаи забон имконпазир хоҳад омад.
Ба пиндори мо он чи зикраш гузашт, имкон медиҳад бигўем:
Асрҳост, ки бунёди маънавии рушду такомули забон дар ҷомеаи тоҷикон устувор буда, дар асарҳои сершумори илмии динӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ, ахлоқномаҳо, шеър, насри адабӣ ва ғайра ифода шуда, ба дараҷаи муайян зисту маишати одиро ҳам фаро гирифта, дар тамоми ҷамъият нақше гузошта буд. Метавон гуфт, ки забондонии мардум аз сатҳи як рўйдоди табиийи одӣ болотар рафта, дар бисёр соҳаҳои ҳаёт, ҳатто дар зисту маишат кам ё беш забондонии маънавиасос буд.

Мақсад аз он чи гуфта шуд, худситоии миллӣ нест. Манзур ин нест, ки тоҷиконро аз дигар миллатҳои гирду атроф болотар
гузорем. Не, чунин нияте ҳаргиз дар миён нест. Медонем, ки «банӣодам аъзои якдигаранд» ва халқҳову миллатҳо мисли шахсҳои
алоҳида сифатҳои муштарак доранд, яъне сифатҳое ҳастанд, ки ба
халқҳои гуногун хос аст. Он чи дар бораи мардуми эронинажод, аз
ҷумла тоҷикон гуфтем, шояд кам ё беш ба баъзе халқҳои дигар,
хусусан баъзе халқҳои Шарқ низ нисбат дорад. Сифатҳое ҳам ҳаст,
ки фақат ба як ё чанд халқ хос асту бас ва ё дар зоти халқе моҳияти
худро бештар зоҳир намудааст. Моҳияти маънавии ҳастии инсон
дар симои ҳамаи халқҳо падид омадааст, вале шаклҳову тарзҳои ин
падидор дар ҳаёти ҳар халқ дигар метавонад буд, таносуби
унсурҳои ҷудогонаи он метавонад фарқ кард. Тоҷикон шояд аз он
халқҳоеанд, ки мабдаъи маънавӣ дар ҳастии онҳо барҷаста зоҳир гардидааст, қувваи азими ботинии маънавӣ дар рушди таърихии онҳо нақши намоён гузоштааст.

пешина
аз 351
навбатӣ