Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунин дигаргунии куллӣ дар забони ўзбекӣ аз он пайдо омад, ки бисёре аз ўзбекони имрўза тоҷикони дирўзаанд ва он тоҷикон, ки забони ўзбекиро қабул кардаанд, савтиёти тоҷикии худро ба забони ўзбекӣ оварданд. Баъзе хусусиятҳои сарфу наҳви забонҳои эронӣ ҳам ба ўзбекӣ омадааст.
Дигаргуниҳои куллии фонетикӣ як намуна аз дигаргуниҳои бисёрест, ки бо таъсири тоҷикон дар ҳастии миллии ўзбекон рўй додааст.
Баъзе донишмандони ўзбек солҳои охир ҳатто ақидае пеш ронданд, ки «ўзбекон турк нестанд… Байни забони туркӣ ва забони ўзбекӣ фарқ калон аст… Забони адабии имрўзаи ўзбекиро забони туркии соф наметавон гуфт».1 Як далел барои пеш рондани чунин ақидае он будааст, ки сакоиён, суғдиён, хоразмиён, бохтариён, чочиён ва паркониёни қадим, ки ҳама қавмҳои эронӣ буданд, қисми асосии таркиби этникии ўзбекони имрўзаро ташкил кардаанд.
Аммо то донишмандон нагуфтаанд, ки агар ўзбекҳо турк набошанд, пас ба кадом гуруҳи халқҳо тааллуқ доранд? Ба гурўҳи халқҳои эронӣ? Чун забони онҳо забони ўзбекист, ба гумон аст, ки ба хонадони халқҳои эронӣ тааллуқ пайдо намояд. Забони ўзбекӣ агарчи дар савтиёт бисёр хусусиятҳои асосии забонҳои туркиро аз даст додааст ва дар вожагон ииз унсури форсиву арабӣ ба ғоят зиёд фаро гирифтааст, ба ҳар ҳол дар сохтори умумӣ, дар сарфу наҳв забони туркист ва ба гурўҳи забонҳои туркӣ мансуб аст. Пас ин халқ аз хонадони халқҳои турк берун нашудааст. Таърихи пайдоиши туркону ўзбеконро дар Осиёи Миёна ба назар бигирем, низ бояд бигўем, ки решаи дарахти ўзбекон ва шоҳтанаи ин дарахт туркист ва баъзе шохаҳои пайвандии он асли эронӣ дорад, аз унсурҳои суғдӣ, хоразмӣ, чочӣ, парконӣ ва монанди инҳо ба таркиби этникии ўзбекон аксаран на бевосита, балки ба воситаи тоҷикон, бо хуни онҳое, ки баъдтар ўзбек шуданд, гузаштааст, яъне на аз ҷузъҳои аслй, балки аз ҷузъҳои омадаи баъдист, ки таркиби аслиро аз моҳияти аввалии он маҳрум насохтааст, балки ба он илова гардида, хусусиятҳои нав овардааст ва танҳо дар баъзе мавридҳо моҳиятан тағйир додааст.

пешина
аз 351
навбатӣ