Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо ба муҳити тозаи фарҳангӣ дохил шуданд, ба тамаддуни наве, ки маҳсули маънавияти эронинажодон буд, пайвастанд ва маънан нав шуданд ва метавонистанд бигўянд: камоли ҳамнишин бар ман асар кард. Албатта онҳо «табиъиятеро», ки дар дашт доштанд, қисман ё тамоман гум карданд, бо таъсири омилҳои гуногун, чунончи бар асари ҳаёти шаҳр шояд баъзе сифатҳое, ки нисбат ба «табиъияти даштгардҳо» чизи манфӣ метавон ба шумор овард, пайдо карданд.
В. Радлов танҳо ҳаминро дидааст ва пай набурдааст, ки онҳо ба ивази он чи аз даст доданд, ба чизе волотар даст ёфтанд, ба пояи баландтари маънавият расиданд ва имкон пайдо карданд, ки аз сатҳи ҷаҳонии «фарҳанги меҳвар» баҳравар бошанд. Онҳо дар андак муддат ба роҳи рушди таърихӣ чанд қадам пеш рафтанд.
Оре, фарҳанги эронӣ ва тамаддуни исломӣ симои халқҳои турки Осиёи Миёнаро хеле тағйир дод, ба хусус чеҳраи фарҳангии халқи ўзбекро ба куллӣ дигар кард ва ин дигаргунӣ на танҳо дар садаи ҳаждаҳу нуздаҳ, балки хеле пештар аз он ба назар намоён буд.
Мардуми ўзбек пас аз садаи шонздаҳ ончунон дигар шуданд, ки масалан забони ўзбекӣ дар садаи нуздаҳ бисёр сифатҳои туркии худро тамоман аз даст дода буд. Аз ҷумла дар забони ўзбекӣ бар хилофи дигар забонҳои туркӣ садоноки о арзиши мутлақ пайдо кард, вови маҷҳул - садоноки ў пайдо шуд. Дар сурате ки ҳама туркҳо а-гўй ҳастанд, узбекҳо о-гўй шуданд бош, тош, она, хола мегўянд. Ғайр аз ин на танҳо калимаҳои тоҷикии шўр, гўшт, мўза ва монанди инҳо, балки вожаҳои туркии бўш, ҳўл, дўлма ва амсоли инҳоро низ бо вови маҷҳули пурра талаффуз мекунанд. Ин талаффуз ба забони ўзбекӣ аз форсии тоҷикии водиҳо гузашт.
Моҳиятан савтиёти ўзбекӣ дар замони мо савтиёти туркӣ нест, савтиёти тоҷикист.

пешина
аз 351
навбатӣ