Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қуръон ва Ҳафтяк унсури ҳатмии чунин китобхона аст». Албатта, Қуръону Ҳафтяк доштани ҳар кас ба муаллиф чандон маъқул нест, вале аҷаб ки китобхонаи шахсӣ доштани соҳиби ҳар ҳавлӣ ва фарсудагии китобҳои онро (ки аз бисёр хонда шудани онҳост) низ чандон қобили таваҷҷўҳ, надонистааст. Аз ин гуфтаҳои В. Радлов маълум нест, ки китобхона дар ҳавлии ўзбекон ҳам будааст ё не, вале равшан аст, ки дар ҳаёти ўзбекҳо ҳарчи аз нишонаҳои маданияти мардуми бумӣ, аз ҷумла таъсири мактабу мадраса ва таҳсилот бинад, онро чизи ногуворе ҳисобидааст. Вай чун аз тарзи зиндагии мардуми ўзбеки водии Зарафшон ҳикоя мекунад, мегўяд: «Ҷои баҳс нест, ки кори фикрӣ (таҳқиқ ва омўзиш) рўҳро устуворӣ мебахшад ва хирадро сайқал медиҳад. Лекин мутаассифона ин ҷо акси ҳолро мебинем. Танҳо дар байни мардумони таҳсилнокардае андешаи хирадмандона ва равшанбинии табиӣ метавон мушоҳида кард».2 Ин аст, ки ҳар нишонаи фарҳанги исломӣ ва тамаддуни эронӣ, аз ҷумла забони форсӣ, ки дар байни мардумони ўзбек ба назар мерасад, ба пиндори В. Радлов табиъияти аслии ин мардумонро хароб кардааст ва В. Радлов дар пеши ҳукумати подшоҳии Русия масъала гузоштааст, ки онҳоро ҳар чи зудтар аз таъсири фарҳанги бегона, аз чанголи харобкорӣ раҳоӣ бахшидан лозим аст.
Бешак, В. Радлов дар зиндагӣ ва шуури туркони ўзбек дигаргуниҳои ҷиддӣ ба дид овардааст, вале мутаассифона моҳияти ин дигаргуниҳоро дуруст шарҳ надодааст. Он чи В. Радлов дидааст, нишонаҳои як раванди амиқрави таърихӣ, раванди иҷтимоъиву фарҳангист, ки ҳастии инсонро дигар мекунад, аломати он аст, ки тарзи зиндагии мардуми ўзбек ба куллӣ дигар шудааст, ин мардум ба тағайюроти ҷиддии рўҳию равонӣ дучор омадаанд.

пешина
аз 351
навбатӣ