Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бино бар ин ба гумон аст, ки мутахассисон ва худи халқи узбек ба чунин ҳукми қатъй, ки «узбекон турк нестакд», розӣ мешуда бошанд.
Ин баҳсро дахл кардани мо аз он сабаб лозим омад, ки байни мардуми ўзбек ва баъзе туркҳои дигар пайдо шудани чунин ақида, ки «ўзбекҳо турк нестанд», барои мавзўъи ин мақолаи мо аҳамияти ҷудогона дорад. Баррасии кўтоҳи ин ақида нишон медиҳад, ки нуфузи фарҳангии мардуми тоҷик ба ниҳояти дараҷа амиқрав буд, чунон зўре дошт, ки агар халқе бо ў ҳамзистӣ ихтиёр намояд, метавонист қиёфаи фарҳангии ин халқ ба куллӣ дигар шавад, ончунон дигар шавад, ки мумкин аст худи он халқ дигар худро нашиносад ва ба андеша монад, ки ў худ чи халқест? Ба такрор бояд гўшрас оварем, ки чунин таъсири куллии мардуми тоҷик на аз роҳи кишваркушоӣ ва зўроварӣ, балки дар мағлубият ва тобеияти чанд сад сол сурат гирифтааст, таъсири мағлубону тобеон ба ғолибону ҳукмдорони ҳавобаланд буд. Дар чунин шароите таъсир расонидан осон нест ва ба монеаҳои зиёде дучор меояд. Медом ки нуфузи тоҷикон ҳама мамониатҳоро бартараф намудааст, бояд бидонем; ки неруи бузургеро соҳиб будааст.
Маънавияти мардуми тоҷик чунин неруи бузург дошт ва ҳанўз дорад. Инро имрўз мо тоҷикон бояд бидонем ва коре бикунем, ки ин неруи бузург бедор шавад, ба ҷунбиш ояд, мушкилкушои худи мо ва дигарон бошад.
Чун аз фарҳанги муштараки байни тоҷику ўзбек сухан меронем, бояд ҳар дафъа мушаххасан аз назар гузаронем, ки фарҳанги эронитаборон дар Мовароуннаҳр дар кадом мавридҳо ва то чи дараҷа фарҳанги муштарак аст ва дар кадом мавридҳо ҳанўз фарҳанги муштарак нест.

пешина
аз 351
навбатӣ