Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар баъзеи чунин манбаъҳои таърихии русӣ ҷузъиёту тафсилоти ҷолибе зикр шудааст. Масалан А. Д. Гребёнкин, ки дар даҳаи шастуми қарни 19 бо лашкари рус ба Осиёи Миёна омада буд, ҷо-ҷо хулосаи сўҳбатҳоеро, ки бо мардуми маҳаллӣ, бо тоҷикону ўзбекон дошт, баён кардааст. Инак, намунае аз он сўҳбатҳо, ки дар водии Зарафшон иттифоқ афтода ва иҷмолан баён шудааст:
«Тоҷикон дар бораи худ мегўянд: Мо ҷангро дўст намедорем.
Мо хона дорем, замин, дукон дорем; мо кор мекунем ва бо кори худ зиндагӣ ба сар мебарем. Ҷанг моро бенаво мекунад. Ўзбек чизи дигар аст. Ўзбекон он гоҳ ки ҷанг мекунанд, ба серӣ мерасанд».
А. Гребёнкин дар ҷои дигар ақидаи тоҷикону ўзбекони қарни 19-ро дар бораи якдигар чунин овардааст:
«Ўзбекон дар сухан тоҷиконро писанд намекунанд, баъзе аз қавмҳои ўзбек бо худситоӣ мегўянд, ки ба тоҷикон духтар намедиҳанд. Аммо тоҷикон аз ин назарногириву нописандиҳои ўзбекон табассум мекунанд ва мегўянд: «Ўзбекҳо бе мо зиндагӣ карда наметавонанд, мо онҳоро дар дасти худ нигох, медорем… Мо ба онҳо пўшок медиҳем, онҳоро ёд медиҳем, ки кадом чизро бо кадом чиз хўрдан беҳтар аст, чи тавр либос пўшидан лозим аст, онҳоро дар мактабхона ва мадраса таълим медиҳем, ба онҳо қозӣ, мулло, пиру шайх мерасонем, маҳорат меомўзем ва бо анвоъи мол таъмин мекунем. Дуруст аст, ки дар замони ҷанг ўзбекҳо моро мекўбанд, ғорат мекунанд, вале чун оромӣ расид, мо қусури ин зарарҳоро мебарорем. Ўзбек бисёр сода аст». Тақрибан ин тавр ҳар бор тоҷикон суханро поён медиҳанд».1 Чунин буд муносибати байни тоҷикону ўзбекон дар нимаи садаи 19 дар водии Зарафшон - дар Панҷакат, Самарқанд, Ургут, Каттақўрғон ва ғайра. Маълум мешавад, ки тоҷикон вазъи худ ва рисолати худро ба хубӣ мефаҳмиданд, дониста ва эҳтиёткорона амал мекарданд, чун устоди ботадбир ва сарпарасти ғамхор ба рафтори шогирди саркашу камшунав тоқат меоварданд.

пешина
аз 351
навбатӣ