Хуросон аст ин ҷо

Албатта ин кор дар садаи 19 нисбатан осонтар анҷом меёфт, вале дар замонҳои пеш, чунончи дар садаи 16-17, ҳатто 18 ин муомила хеле душворӣ ва хавф дошт ва ҷони тоҷик ҳамеша ба мўе овезон буд.
Ҳатто дар оғози қарни 20 баъзе аз русҳо гувоҳӣ додаанд, ки «калимаи «точик» ва «қул» (ғулом) дар назари туркҳо қариб муродифанд».1 Дар ин сурат нишонаҳои хайрхоҳӣ зоҳир намудан, ба вежа вазифаи фарҳангӣ иҷро кардан аз ҷониби ҳар тоҷике баробари қаҳрамонӣ буд. Тоҷиконро лозим омадааст, ки дар тўли асрҳо гоҳ маҷбуран ва гоҳ ихтиёран ҳар лаҳзае чунин иқдоми қаҳрамонӣ пеш бигиранд.
Касоне ҳам буданд ва ҳанўз бисёранд, ки нақши фарҳанги эронии тоҷиконро дар фарҳанги халқҳои гирду атроф нодида мегиранд, эътироф кардан намехоҳанд ё аз эътирофи он ор мекунанд ва ё ҳатто як таъсири манфӣ ба қалам меоранд. Аз ҷумла онҳое, ки фикрашон олудаи заҳри пантуркизм аст, дар ин роҳ хеле каҷравӣ доранд. Он фарҳанги олиро, ки тоҷикон ба вуҷуд оварда баъд бо туркҳо ба ҳам дидаанд, масалан осори меъмории Бухорову Самарқандро, ки аҷдоди тоҷикон сохтаанду туркҳо қисман хароб кардаанд, бузургманишҳои пантуркист имрўз моли туркон медонанд; ба он фарҳанг ҳақ доштани тоҷиконро инкор мекунанд.
Чунин кўрнамакӣ дар замони шўравӣ дар Ўзбекистон бисёр зоҳир шуд. Банда дар ин бора дар чанд мақола сухан рондаам.
Баъзе панславистҳо ҳам дар наҳй задани фарҳанги эронии тоҷикон, дар кам вонамуд кардани аҳамияти байналхалқии он ҳисса гузоштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё