Хуросон аст ин ҷо

Дар воқеъ тоҷикон чандин қарн пеш аз дигар халқҳои Осиёи Миёнаи кунунӣ хатту савод бароварда, шуури фолклориро бартараф намуда, ба тамаддуни шаҳрии пешрафта ва илми ҷаҳонӣ расида (ҳазор сол пеш бо Ибни Сино баландтарин қуллаҳои илми ҷаҳонро тасхир карда), як умр дастовардҳои фарҳангии худро бо халқҳои атроф ба ҳам дидаанд ва аз фарҳанги онҳо пайваста истифода кардаанд.
Дар бораи ин ки тоҷикон дар зиндагии фарҳангии мардуми узбек чи нақше гузоштаанд ва ҳамзистии тоҷикону ўзбекон чи тарз сурат гирифтааст, дар манбаъҳои таърихӣ ахбор бисёр аст. Аз ҷумла донишмандон, сайёҳон ва афсарони рус, ки пас аз истилои Русия, яъне аз охирин сеяки қарни 19 ба Осиёи Миёиа бисёр меомадаанд, мушоҳидаҳои аҷибе доранд. Зикри баъзе аз мушоҳидаҳову хулосаҳои онҳо ин ҷо аз фоида холӣ нахоҳад буд.
В. В. Наливкин дар китоби «Таърихчаи давлати хонияи Қўқанд» (1886) навиштааст: «Тоҷики бумӣ дар тўли чанд хазор сол ва ё лоақал дар чанд қарн фарҳанге ба вуҷуд оварда буд, ки ўзбек онро комилан қабул кард. Ўзбек аз ў на фақат тарзҳо ва абзори кишоварзӣ, балки санъати меъмории хонаи худ ва асбоби рўзгор, саноати (саноеъи) гуногун ва олату тарзҳои истеҳсол (тавлид)-ро гирифт. Чун ўзбек ин ҳамаро ба шакли тайёру омодаи истифода аз худ мекард, ба шогирдии тоҷики тасхиршуда медаромад. Ҳар дафъа ки ўзбек аз тоҷик олату абзоре, асбоби коре мегирифт, барои он аз забони худ номе намеёфт (зеро дар зиндагонии кўчии пештараи ў худи он чиз мавҷуд набуд), низ онро ба тарзе, ки тоҷик ном дода буд, яъне ба форсӣ ном мебурд. Ба ин тарз ба забони ўзбекӣ як олам калимаҳои форсӣ дохил шуд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё