Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соли 1972 камина дар Туркманистон ба як ҷамъомади илмӣ иштирок доштам. Он гоҳ дар маркази Туркманистон шаҳри Ашқобод кунгураи шарқшиносон бо иштироки нависандагону адабиётшиносони шўравӣ барпо шуда буд. Аз хориҷ, аз ҳама ҷумҳуриҳои шўравӣ намояндаи бисёре омад. Нависандаи машҳури туркман Бердӣ Карбобоев бегоҳи аввал бисёре аз меҳмонони ин маҷлисро ба ҳавлии худ даъват кард ва зиёфати бузурге орост. Вай дар ин нишаст аз чи сабаб бошад, ки ба ситоиши халқи тоҷик пардохт ва ба ин мазмун сухан кард: Мардуми тоҷик асрҳои аср дар байни халқҳои атроф хату савод, фарҳанг, одобу услуб паҳн кардаанд. То инқилоби октабр дар ўбаи туркманҳо, дар қишлоқи ўзбакҳо, дар авули қазоқҳову қирғизҳо ҳар ҷо мактабе бошад, аксаран мактабдор аз тоҷикон буд, ҳар ҷо муллое ба назар расад, низ аксаран тоҷик буд, калонтарин муллоҳои ин халқҳо ҳамонҳое буданд, ки дар мадрасаҳои Бухоро дар дасти мударрисони точик таҳсил дидаанд. Бердӣ Карбобоев суханашро бо ин хулоса ба поён расонид: Тоҷикон муаллими ҳамаи мо, устоди моанд.
Ин суханронии Б. Карбобосв баъзе меҳмонони оншабаро, баъзе намояндагони чумҳуриҳои шуравӣ, баъзе меҳмонони Маскавро, ки аз дирўзу парирўзи Осиёи Миёна чандон хабар надоштанд, ба ҳайрат овард, ба баъзе меҳмонони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, хусусан ба меҳмонони Ўзбекистон тамоман маъқул нашуд. Рўзҳои дигар ки маҷлиси Ашқобод давом дошт, мардум байни худ сари ҳақиқати он гуфтаҳои Б. Карбобосв баҳс мекарданд.
Ва ҳол он ки дар ин масъала ҳеҷ ҷои баҳс нест. Ҳар касе аз равшанфикрони Осиёи Миёна, ки аз сарнавишти таърихии мардумони ин сарзамин андаке огаҳӣ дорад, медонад, ки Бердӣ Карбобоев он шаб айни ҳақиқатро гуфт. Чунин эътирофро камина аз зиёъиёни дигари минтақа, чунончи аз нависандагони маъруфи қазоқ Мухтор Авезов ва Абдулло Тоҷибоев низ шунидаам.

пешина
аз 351
навбатӣ