Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Асли пирўзӣ пирўзии маънавист. Ин пирўзӣ чунин маънӣ дорад, ки онҳое, ки зоҳиран мағлуб шуданд, дер ё зуд ғолибонро ба сояи ҳувияти фарҳангии худ кашида, оқибат ба тобеияти фарҳангии хеш медароранд, кам ё беш ҳамгуни хеш месозанд, яъне зотан тағйир медиҳанд. Айни пирўзӣ ҳамин аст.
Инро ҳам бояд таъкид кунем, ки чунин пирўзӣ амале ба ниҳояти дараҷа башардўстона аст, зеро аввалан бидуни зўроварию хунрезӣ сурат мегирад, сониян ба рўи қавми ғосибу ғолиб аз фарҳанги тозае дарҳо мекушояд, ин қавмро ба пояҳои маданият мерасонад, ба фарҳанги онҳо бештар мазмуни маънавӣ бахшида, боиси устувортар шудани решаҳои ҳастии онҳо мегардад.
Чунин пирўзӣ ба мардуми тоҷик чандин бор муяссар гардидааст. Ин пирўзиҳои маънавӣ моҳияти таърихи тоҷиконро муайян мекунад. Бешубҳа сабаби асосии он ҳама сахтҷонӣ ва умрдарозии таърихии тоҷикон, ки алорағми ғосибони пурзўри даҳшатангез зинда монданд, фарҳангу забони худро ҳифз намуданд, сабаби асосии пирўзмандиҳои таърихии мардуми тоҷик, ки он ҳама ғосибони сершуморро мағлуб намуда, ба тобеияти фарҳангии худ дароварданд, он аст, ки бунёди маънавии ҳастии онҳо аз аввал ба ниҳояти дараҷа қавӣ буд.
Рисолати равшангарӣ ва маърифатомўзии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ то садаи бист идома дошт ва дар баъзе маҳалҳо ҳанўз давом дорад. Дар бораи ин ки дар охирҳои садаи нуздаҳ ва оғози садаи бист дар фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ тоҷикон чи нақше доштанд, аз воқиаи зайл тасаввур метавон ҳосил кард.

пешина
аз 351
навбатӣ