Хуросон аст ин ҷо

Аз ин ҷост, ки онҳо баъд дар тўли асрҳо дар таърих рисолати маънавӣ доштаанд. «Фарҳанги меҳвар», «маркази маънавии меҳвар», ки онҳо рўи кор оварданд, чандин қавму халқ, чандин кишварро ба доираи тамаддун кашида, ба ҳаёти ҳақиқии инсонӣ шарик кардааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки пайдоиши калимаи «тоҷик» ҳам ба маънавият, ба ойини Зардушт вобастагӣ дошта бошад. Дар бораи маънои «тоҷик» ва пайдоиши он ривояту фарзияҳои зиёде мавҷуд аст. Мо онҳоро дахл накарда танҳо ҳаминро ёдрас овардан мехоҳем, ки ба ривояте «тоҷик» аз «тоҷ» аст ва азбаски зардуштиён кулоҳи тоҷмонанде мепўшиданд, онҳоро тоҷӣ ва тоҷик мегуфтанд.
Номвожаи «тоҷик» хеле қадим буда, дар қарни дувуми мелодӣ дар солномаҳои чинӣ ба ранги тааоҷӣ омадааст. Ба ин ваҷҳ баъзе донишмандон чун В. Бартолд тахмин кардаанд ва баъзеи дигар - монанди Н. Хаников, А. Шишов бо қатъият гуфтаанд, ки «тоҷик»
дар аввалҳо ишора ба тоҷкулоҳони зардуштӣ буда, баъдтар номи қавмеву халқе шуд. Шояд ин тахмину ҳукмҳо аз ҳақиқати таърих чандон дур набошад, зеро аз қадим ба маънавият ва дину оин сахт алоқа доштани аҷдоди мардуми тоҷик айни ҳақиқат аст. Бечиз нест, ки аз қадим дар Осиёи Миёна дину мазҳаби гуногун, аз ҷумла оини буддоӣ, монавӣ, насронӣ ва ғайра ривоҷ доштааст. Мардум гўё равияҳои мухталифи маънавию мазҳабиро як-як санҷида, дар ҷустуҷўи роҳи ҳақ худро ба ҳар сў задаанд. Чун Хуросону Осиёи Миёна дар пайвандгоҳи роҳҳои таърих буд, падидаҳои фарҳанги маънавию мазҳабӣ аз ҳар сў мерасид ва барои доман густурдани мулоҳизаву андеша, барои муқоиса ва санҷишу озмоиш бештар имкои фароҳам меовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё