Хуросон аст ин ҷо

Ин андешаҳои амиқ, ки аз мушоҳидаи равияҳои гуногуни фикрӣ ҳосил мешуд, дар омўзаҳои зардуштия ба ҳар ранг нақше гузоштааст.
Яктопарастӣ, ки асоси ойини зардуштиро ташкил мекард ва унсурҳое, ки аз таълимоти зардуштия ба ислом зиёд гузашта буд, дар байни мардуми эронӣ, аз ҷумла тоҷикон заминае барои пазириши ислом тайёр карда буд. Агарчи эрониён ба истилогарони араб ва ойини навоварди онҳо сахт муқобилат карданд, бисёр аз куллиёту ҷузъиёти ислом зуд ба эрониён мафҳум омад, зеро ба шуури динии онҳо созгорӣ дошт.
Дар ҷустуҷўҳои маънавию рўҳонӣ ба ғоят фаъол будани парвардагони хоку оби Эронзамон чунин натиҷа дод, ки эрониён дар ривоҷу равнақи ислом нақше диданӣ гузоштанд. Хусусан Хуросону Мовароуннаҳр дар тараққии дини мубини муҳаммадӣ бо ҷаҳду ҷадале камназир ҳиссагузорӣ кардааст. Аз ҷумла Бухоро ба дараҷаи марказҳои асосии олами ислом расид, чун Балх ва Басра қуббатулислом ном гирифт ва гуфтанд: Бухоро қуббаи ислому дин аст. Аз ҳамон сахткўшӣ дар мавриди дарки моҳияти ҳастӣ ва ҷустани роҳи ҳақ буд, ки мардуми мо ба ислом сидқ оварданд, дар худоҷўиву порсоӣ намуна шуданд, дар тараққии ислом ҷаҳд карданд, дар илмҳои динӣ пешдастӣ ёфтанд. Он ормони иҷтимоъию ахлоқии мардуми эронӣ (чи эрониёни шарқӣ ва чи эрониёни ғарбӣ), ки аз замони Зардушту Авасто муайян шуда, аз ҷумла дар «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» ифода ёфта, усули асосии танзиму тартиби ҷомеаи анъанӣ гардида барои ташаккули шуури аҳли ҷомеа чун омили умда хидмат кардааст, бо принсипҳову қоидаҳои бунёдии ислом, ки яке адл, дигаре шўро (машварат ва риояи раъйи ҷамоа), закот (андозе барои мустаҳиққон) ва ғайра аст, хеле такомул ёфт, ба дараҷаҳои баланд расид ва манфиатҳои ҳамагониро пурратар дар бар гирифт. Дар аҳди Сомониён бо кушиши донишмандон андешаи
исломӣ камол ёфт ва исломи эронӣ ба вуҷуд омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё